расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Қарзи берунаи Тоҷикистон аз оғози сол $275 млн афзуд

. / Иқтисодиёт

Қарзи берунаи Тоҷикистон аз оғози сол $275 млн афзуд

Он асосан аз ҳисоби қарзи Хазинаи байнулмилалии асъор зиёд шуд.

Сурат: Prodengi.biz
Қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 октябри соли равон ҳудуди 3 млрд 163 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Аввали сол он ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд.
Беш аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон - зиёда аз 3 млрд 18 млн доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад.
Қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 91,1 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.
Қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, Чин, Бонки исломии рушд ҳамагӣ ба 22,5 млн доллар баробар мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар асосан аз ҳисоби гирифтани қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор моҳи майи соли равон ба маблағи 189,5 млн доллар зиёд шуд.
Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (ҳудуди 1,2 млрд доллар) мебошад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳад. Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.