расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Марги як хонандаи ғолиби "Фурӯғи субҳи доноӣ" аз илтиҳоби шуш

. / Ҳаводис

Марги як хонандаи ғолиби "Фурӯғи субҳи доноӣ" аз илтиҳоби шуш

Ин хонанда барои даври ҷумҳурявии ин озмун омодагӣ медид.

Замира Муҳамадсафар
Сурат: Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон
Замира Муҳамадсафар хонандаи синфи 8-и мактаби  миёнаи умумии рақами 13 ноҳияи Ёвон, ки дар озмуни вилоятии "Фуруғи субҳи донои китобаст" аз номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи сеюм шуда буду,   ба  марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буд, аз илтиҳоби шуш даргузаштааст.
Наздиконаш мегӯяд, мутаассифона Замира Маҳмадсафарро насиби иштирок дар даври ҷумҳурявӣ накард. Ӯ тайи чанд рӯзи охир аз бемории илтиҳоби шуш азият кашида, рӯзи 16 ноябр аз олам чашм пӯшид.
Бояд гуфт, ки Замира Маҳмадсафар ҳамчунин дорои маъюбӣ буд ва дар ҷамъбасти озмуни вилоятӣ аз сӯйи раиси вилоят барояш аробачаи маъюбӣ туҳфа карда шуд.
Ба гуфти масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Замира дар озмуни ноҳиявӣ ҷои аввалро соҳиб шуда буд.
Баъди озмуни вилоятӣ, барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омодагӣ медид. Мутаасифона насиби иштирокаш набудааст ва дирӯз, яъне 16 ноябр Замираро ба хок супурдем,-гуфтанд аз шуъбаи маорифи ноҳия.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.