«БА НАЗДИКӢ АЛБОМИ НАВ МЕБАРОЯД»: МУЖДАИ ҶАСТИН БИБЕР БА ҲАВОДОРОНАШ

«БА НАЗДИКӢ АЛБОМИ НАВ МЕБАРОЯД»: МУЖДАИ ҶАСТИН БИБЕР БА ҲАВОДОРОНАШ

 Сарояндаи машҳури амрикоӣ — Ҷастин Бибер, ки моҳи марти 2019 ба рухсатии эҷодӣ баромада буд, ногаҳон барориши албоми нави худро эълон кард. Тавре маҷаллаи Hollywood Reporter хабар медиҳад, овозхон дар ҷашнвораи Coachella ба баромади Ариана Гранде ҳамроҳ шуда, суруди «Sorry»-ро иҷро кард.

Бибер эътироф намуд:

— Ман қасд надоштам рӯйи саҳна биоям. Ин аввалин ҳунарнамоии ман дар ду соли охир аст. Хеле мамнунам, ба наздикӣ албоми мебарояд.

Худи Ариана гуфт, ки баромади Ҷастин барномарезӣ нашуда буд, аммо ӯро барои чунин туҳфае ба мухлисон миннатдорӣ намудам.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/334848

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон