ҶЕКӢ ЧАН ВА АРНОЛД ШВАРТСЕНЕГГЕР ҲАМРОҲ ДАР ЯК ФИЛМ НАҚШ ОФАРИДАНД

ҶЕКӢ ЧАН ВА АРНОЛД ШВАРТСЕНЕГГЕР ҲАМРОҲ ДАР ЯК ФИЛМ НАҚШ ОФАРИДАНД

 

Ду ситораи саршиноси Ҳолливуд — Арнолд Швартсенеггер ва Ҷекӣ Чан дар филми муштараки Русияву Чин — «Тайна печати дракона», ки қисми дуюми филми сербуҷаи «Вий» ба ҳисоб меравад, ҳунарнамоӣ намуданд.

Бозигари нақши Терминатор ин даъфа дар образи Ҷейм Хук, раҳбари зиндони шаҳри Лондон зоҳир хоҳад шуд ва мухлисону ҳаводорон Ҷекӣ Чанро дар нақши пирамарди солхӯрда мушоҳида хоҳанд кард.

«Тайна печати дракона» — лоиҳаи байналмилалиест, ки дар таърихи синамои пурраметражи бадеӣ аввалин филми муштараки русӣ-чинӣ ба шумор меравад. Дар он, ба мисли қисми якум, Ҷонатан Грини англис бо фармони Пётри I боз ба саёҳат мебарояд, то харитаи Ғарби Дурро омода намояд. Ҳамин тавр, Грин ба Чин меравад, ки дар он ҷо шоҳзодаҳо, ҷодугарон, устодони ҳунарҳои ҷангӣ ва Подшоҳони ҳамаи аждарҳоро мебинад.

Филмбардорӣ дар кишварҳои Русия, Чин ва Лаҳистон (Чехия) сурат гирифт.

Дар тасвири мазкур дар баробари ҳунарпешаҳои машҳури ҷаҳонӣ ҳунармандони номдори рус, аз қабили Андрей Мерзликин, Александр Робак, Юрий Колоколников ва Игор Жижикин нақшофарӣ менамоянд. Ровии барномаи Comedy Club Павел Воля низ дар ин филм ҳунарнамоӣ карда, нақши ашрофзодаи рус — Александр Меншиковро мебозад.

Тасвири мазкур миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Русия ба экран гузошта мешавад.

Сарчашма: https://nikatv.ru/news/kultura/dzheki-chan-iarnold-shvarcenegger-snyalis-vdekoraciyah-izkaluzhskogo-lesa

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон