Беш аз 400 муҳоҷирро аз Петербург пеш карданд

Беш аз 400 муҳоҷирро аз Петербург пеш карданд

 Идораи Хадамоти федеролии додварзии Петербург мегӯяд, бештар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон қонуни муҳоҷиратро нақз мекунанд

Аз аввали сол то имрӯз аз қаламрави Санкт-Петербург беш аз 400 муҳоҷири меҳнатӣ, бо ҷурми нақзи қонуни муҳоҷират ихроҷ карда шудаанд.

Дар ин бора "Невские Новости" бо такя ба хадамоти матбуотии Идораи Хадамоти федеролии додварзии Петербург, хабар медиҳад.

Мувофиқи гузориши ин ниҳод, аз аввали соли 2019 то имрӯз, 426 муҳоҷири меҳнатӣ аз Петербург ихроҷ карда шудаанд. Қайд мешавад, ки бештар қавонини муҳоҷиратро шаҳрвандони Узбакистон (57 дарсад) нақз кардаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи нақзи қонуни муҳоҷират дар ҷои дуюм, (20%) меистанд.

Дар баробари шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон аз Петербург муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Алҷазоир, Гвинея, Миср, Ҳиндустон, Марокаш, Нигерия ва Украина низ ба ҷурми нақзи қавонини муҳоҷират пеш карда шудаанд.

Қайд мешавад, ки ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Тибқи қавонини Русия, шаҳрвандони хориҷие, ки аз Русия ихроҷ мешаванд дар муҳлати 5 сол ҳуқуқи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсони назди президенти Русия қасд доранд, тарзи сабти номи муҳоҷиронро дар Русия дигар кунанд.

Ёдрас мешавем, ки бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст.



Read more: https://sputnik-tj.com/migration/20190430/1028808724/Besh-az-400-muhojir-az-Peterburg-pesh-kardand.html



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон