АЗ НАЗДИ МАҚБАРАИ ОҒОХОНИ III МӮМИЁҲОИ ДУҲАЗОРСОЛА ЁФТАНД

 

 

 

 

Бостоншиносони Миср мақбараи бостонии дуҳазорсоларо бо мӯмиёҳо дарёфт намуданд. Дар ин бора Haaretz хабар медиҳад.

Ба гуфтаи мутахассисон, қабр ба давраи юнонуримиҳо дахл дорад, ки соли 332 пас аз забт кардани Миср аз ҷониби Искандари Мақдунӣ оғоз ёфтааст. Он дар назди мақбараи Оғохони III, пешвои рӯҳонии мусулмонони шохаи шиаи асри XX ҷойгир аст, ки дар соли 1959 дар шаҳри Асвон дафн шудааст.

Бостоншиносон инчунин бозмондаҳои таърихие, чун ниқобҳои ородода, ҳайкалчаҳо, гулдонҳо, қисмҳои дахма ва картон – маводи сохташуда аз папирус, ки бо авдова пӯшидонида шудааст, пайдо намуданд.

Пеш аз ин хабар дода шуд, ки бостоншиносон дар Миср гӯреро бо 50 мӯмиё кофта кушоданд, ки 12-тои онҳо аз рӯи маълумоти вазорати кор бо Мисри қадим, қабри кӯдакон будааст. Майитҳо ба халқҳои давраи салтанати дудмони Птолемейҳо (асри IV-I то милод) тааллуқ доранд. Қабрҳоро дар музофоти Эл-Миня дар ҷануби Қоҳира дарёфтанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон