Рахнаи чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар маркази Душанбе

Рахнаи чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар маркази Душанбе

Шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи Volkswagen Golf, сокини Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чароғаки раҳнамои канори роҳ бархӯрд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, автомашинаи сокини 28-солаи пойтахт Фаррух Каримов  ба чароғаки раҳнамо ва сутуни камераи мушоҳидавӣ дар чорроҳаи Рӯдакӣ – Шоҳтемур бархӯрдааст.

 

Рахнаи чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар маркази Душанбе

  

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса худи ронанда осебе надида, чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ шикаста ва корношоям гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса маводҳои лозима тартиб дода шуда, ҷиҳати маълум намудани сабабу омилҳои он таҳқиқ идома дорад.

Рахнаи чароғаки раҳнамо ва камераи мушоҳидавӣ дар маркази Душанбе

 https://news.tj/ru/news/tajikistan/incidents/20190415/v-tsentre-dushanbe-voditel-protaranil-svetofor-i-kameru-videonablyudeniya

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон