Қисмате аз роҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ як моҳ баста шуд

Қисмате аз роҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ як моҳ баста шуд

Дар доираи таъмиру навсозии роҳ дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт (аз мавзеи “Моҳи нав” то Сирк) аз маҳаллаи Яккачинор то гардиш ба самти Гулистон (чорроҳаи Сирк) роҳ баста шуд.

 

Корҳои таъмиру навсозӣ дар ин қитъаи роҳ муддати як моҳ идома меёбад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маршруткаҳои №№2, 13, 25, 52 ва 54, ки канораҳои шаҳри Душанберо бо маркази шаҳр мепайванданд, аз роҳҳои ҳамшафат истифода хоҳанд кард.

 

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190415/ismate-az-roi-hiyoboni-sadii-sheroz-yak-mo-basta-shud

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон