расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

. / Ҳаводис

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 14-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ», Зикруллоев Иноятулло Нематович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди деҳаҳои Гушун-Дударги Қалъаихум дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, тахминан 20-метр ба ҷарӣ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомошинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дохили автомошина: Ҷӯраева Шаъмигул Хайруллоевна, соли таваллудаш 1978, ноболиғ Зикруллоев Эшонҷон, соли таваллудаш 2016, Давлатзода Сарвиноз Муҳтоҷ, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Дарвоз зарари ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Санаи 15-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Зоҳидов Ҷӯрабек Саминович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Ҷ.Расулов», аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагард Рустамов Нӯъмон Ҷумъабоевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳрободро, ки дар канори чапи роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Рустамов Н.Ҷ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалоқат расидааст.
Инчунин, санаи 15-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», Иззатуллоев Раҳмоналӣ Қурбонович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Муъминобод, дар шоҳроҳи Восеъ-Кӯлоб аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашинааш пиёдагард Имомов Назрулло Зардакович, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Имомов Н.З. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.