“ПАЁМ”: БА ДАРИ УТОҚИ КОРИИ БЕГ САБУР МУҲР ЗАДААНД

Сомонаи "Паём” хабар дод, ки Кумитаи андоз Хадамоти алоқаро 90 миллион сомонӣ қарздор карда, ба дари ҳуҷраи кории раисаш Бег Сабур муҳр задааст. "Паём” менависад, Бег Сабур ва писараш Рамз Зуҳуров – домоди президент Эмомалӣ Раҳмон - чанд рӯз боз нопайдоянд ва "тибқи иттилоъи тасдиқнашуда, сабаби таъқиби Сабурӣ ва нопадид шудани ӯ ҳамроҳи писараш, ҷудошавии Рамзу духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон аст." Дар ҳамин ҳол, нафароне, ки Бег Сабурро дар Кӯлоб дидаанд, мегӯянд, ки ӯ зиёд мушавваш ба назар намерасад. Яке аз ҳамсояҳои Рамз Зуҳуров ва ҳамсараш Зарина Раҳмонова гуфт, тақрибан як моҳ боз дари хонаи онҳо дар маҳаллаи пушти идораи марказии "Барқи Тоҷик” баста буда, шабҳо чароғҳояшон низ фурӯзон нест. Вале манобеи "Ахбор” дар бораи ҷудо шудани писари Бег Сабур аз духтари президент изҳори бехабарӣ мекунанд. Мақомоти Хадамоти алоқа ва худи Бег Сабуру писараш низ гузориши "Паём”-ро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Сомонаи ба оппозитсияи тоҷик наздики "Паём”рӯзи 25 март хабари пурсарусадоеро дар бораи Бег Сабур, як узви калидии ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва қудои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, Бег Сабур тақрибан ду ҳафта боз дар ҷои кораш дар Хадамоти алоқа нест ва Кумитаи андоз ба утоқи кории ӯ муҳр задааст. Ба гуфтаи манбаи "Паём”, Кумитаи андоз гӯё Хадамоти алоқаро аз ҳисоби андоз 90 миллион доллар қарздор кардааст.

"Паём” менависад, писари Бег Сабур – Рамз Сабур, ки ба Зарина Раҳмонова – духтари шашуми президент Эмомалӣ Раҳмон – издивоҷ карда, аксари тиҷоратҳои оилавии Бег Сабур ба номи ҳамин писараш сабт шудаанд, низ чанд рӯз боз нопайдост.

"Тибқи иттилоъи тасдиқнашуда, сабаби таъқиби Сабурӣ ва нопадид шудани ӯ ҳамроҳи писараш, ҷудошавии Рамзу духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон аст, – навиштааст "Паём”.

Таҳқиқоти сомонаи "Ахбор” нишон дод, ки Бег Сабур, тавре ҳам ки "Паём” менависад, рӯзҳои охир дар Кӯлоб қарор дорад. Аммо нафароне ки Бег Сабурро дар Кӯлоб дидаанд, мегӯянд, ки ӯ ором буд ва зиёд дар ташвиш ба назар намерасад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳамсояҳои Рамз Зуҳуров дар маҳаллаи пушти идораи марказии "Барқи Тоҷик” ба сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки манзили ӯву духтари президент Зарина Раҳмоноваро дар ин кӯча то ҳанӯз муҳофизон аз Кумитаи амният нигаҳбонӣ мекунанд, вале: "Тақрибан як моҳ боз дари манзилашон баста аст ва дар хона касе нест. Шабҳо низ чароғҳояшон равшан намешавад.”

Аммо ҳамсояҳо мегӯянд, хабари ҷудо шудан ё нашудани Рамз Зуҳуров аз духтари президентро рад ё тасдиқ карда наметавонанд.

Манобеи дигар низ дар суҳбат бо "Ахбор” дар ин бора изҳори бехабарӣ карданд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо, "агар чизе мешуд, ҳоло дар тамоми шаҳр овоза мешуд. Ёдатон бошад, вақте духтари дигари президент Таҳмина Раҳмонова аз писари Саъдулло Гулов ҷудо шуд, ҳама ҷо гапи ҷудоии онҳо буд. Вале дар бораи писари Бег Сабур ва духтари президент ягон хатту хабар дар ягон ҷо нест.”

Зарина Раҳмонова духтари шашуми президент Эмомалӣ Раҳмон ду сол боз муовини раиси "Ориёнбонк” мебошад ва бовар меравад, ки дар оянда ба ҷои тағояш Ҳасан Асадуллозода роҳбарии ин яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистонро ба дасти худ хоҳад гирифт. Зарина Раҳмонова ва Рамз Зуҳуров соли 2014 издивоҷ карданд.

Бег Сабур аз соли 2004, инак 15 сол боз роҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад. Аммо нуфузи ӯ дар доираҳои ҳоким баъди соли 2014, дар пайи қудо шуданаш бо президент Эмомалӣ Раҳмон хеле боло рафт.

Бег Сабур бо қарорҳои аҷибу ғарибаш зиёд дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Масдуд кардани дастрасӣ ба Фейсбуку Ютуб ва сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла "Ахбор”, бастани НҶН, талоши бастани Вайберу дигар мессенҷерҳо, ба таври ошкор дар ҳуҷраи кориаш дар Хадамоти алоқа хонафурӯшӣ кардан – аз мавридҳоест, ки Бег Сабурро яке аз нолоиқтарин аъзои ҳукумати имрӯза ба намоиш мегузоранд ва бисёриҳо менависанд, ки ӯ бо ҳузураш обрӯи ҳукумати имрӯзаро ба замин мезанад.

Сомонаи "Паём” менависад, Бег Сабур шаҳрвандии Русияро дорад ва ин дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон ишғоли мансабҳои давлатиро барои шаҳрвандони кишварҳои дигар манъ кардааст. Қонунҳои Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани мансабдорони давлатиро низ манъ кардааст, вале Бег Сабур бе ягон ибо ва тарсе дар ҳуҷраи кориаш ба таври ошкор хонафурӯшӣ мекунад ва ҳавлии Хадамоти алоқа пур аз мошинҳоест, ки харидорони манзил аз ширкатҳои Бег Сабур ҳамчун гарав супурдаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон