расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Раиси ҷумҳури нави Молдова гуфт, дили тамоми мардумро ба даст меорад

. / Ҷаҳон

Раиси ҷумҳури нави Молдова гуфт, дили тамоми мардумро ба даст меорад

Барандаи рӯ ба Аврупои интихоботи президентии Молдова ваъда дод, ки равобити ҳукуматаш бо Ғарбу Аврупо мутавозин мешавад. Майя Санду, иқтисоддони собиқи Бонки Ҷаҳонӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 15-уми ноябр бар Игор Додон рақиби рӯ ба Маскаваш ғалабаи қотеъ ба даст овард.
Ба интихоботи президентӣ дар Молдова бисёриҳо ҳамчунин мисле ба як референдум нигоҳ мекарданд, ки вобаста ба ғалабаи номзад, самтгириҳои ҷомеаи ин кишвари воқеъ дар байни Украинаву Руминия ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ва ё Маскавро мушаххас мекард. Санду зимни суханрониаш бо матбуот рӯзи 16-уми ноябр ваъда дод, ки дар сиёсати хориҷӣ “тавозуни воқеӣ”-ро миёни Ғарбу Русия нигоҳ медорад.
Майя Санду гуфт, “мо бо ҳама кишварҳо, аз ҷумла, Украина, Руминия, кишварҳои Аврупо, Русия ва ИМА як муколамаи корсозе ба роҳ мемонем”. Санду гуфт, ки маъмурияти ӯ дар масоили мубориза бо фасоди сартосарӣ ва ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишвар тамаркуз мекунад. Ӯ гуфт, “ҳар як нафар бояд шоҳиди пешрафт бошад. Ин чиз ба онҳое ҳам марбут аст, ки барои рақиби ман овоз доданд. Ман ба шумо мегӯям, ки шумо мағлуб нашудед, ин ҷо барандаву мағлуб нест. Ман бо амалҳои мушаххасам эътимоди шуморо ба даст меорам”.
Дар оғоз нигаронӣ вуҷуд дошт, ки шояд баъди интихобот дар Молдова вазъ бесубот шавад, вале Додон мағлубияти худро билофосила эътироф кард. Ӯ гуфт, “ман ҳамаро ба оромиву сулҳ даъват мекунам, набояд беназмиву эътироз шавад. Мо набояд ба ҳеҷ навъи бесуботии кишвар роҳ бидиҳем”.
Президенти Русия Владимир Путин, ки ба таври ошкор аз Додон ҳимоят карда буд, баъди эълони пирӯзии Санду билофосила ӯро табрик кард. Путин гуфт, “Интизор дорам, ки фаъолияти шумо ба ҳайси раҳбари давлатӣ барои рушди корсози равобити миёни кишварҳои мо хидмат мекунад”.
Президенти Кумиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен ҳам Сандуро бо ғалабааш табрик карда, ба ҳамкории фарогир изҳори умед кардааст. Ӯ гуфт: “Пирӯзии шумо ин даъвати рӯшан ба мубориза бо фасод ва барқарор кардани ҳукумати қонун ба хотири ояндаи шукуфо мебошад. Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки аз Молдова пуштибонӣ бикунад”.
Дар суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ бо президенти Руминия Клаус Йоҳаннис ва президенти Украина Владимир Зеленский, Санду аҳд додааст, ки равобити Молдоваро бо ин ду ҳамсояаш тақвият мебахшад. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳизби “Амал ба хотири ҳамгироӣ” хабар додааст.
Дар даври дуюм ва ниҳоии интихоботи президентии Молдова Санду 57,7 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва барои Игор Додон 15 дарсад камтар, ваё 42,25 дарсад овоз доданд. Ин оморро Комиссиюни марказии интихоботҳои Молдова баъди шумориши 100 дарсади овозҳо эълон кард. Дар интихобот, ба қавли кумиссиюн, 52 дарсади мардуми соҳиби раъй иштирок кардаанд ва ҳузури овоздиҳандагон дар даври дуюми интихобот 10 дарсад бештар назар ба даври аввал будааст.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ки дар умум овоздиҳӣ хуб ҷараён дошт ва дар шароити мушкили пандемияи COVID-19 овоздиҳӣ пуррақобат анҷом шуд. Бо ин вуҷуд, бино ба хулосаи нозирони байналмилалӣ, дар ҷараёни маърака ҳолатҳои эҷоди тафриқа дар миёни ҷомеа ва ҳам масоили атрофи маблағгузории таблиғоти номзадҳо матраҳ шудааст.
Натиҷаи даври дуюми интихоботи президентии Молдова аз он ҷиҳат ногаҳонӣ буд, ки дар даври аввал Додон пирӯз шуд, вале натавонист, аз марзи зарурии 50 дарсад гузарад. Соли 2016 Додон бо тахминан 5 дарсад бештари овозҳо бар Санду ғолиб омад ва ин интихоботро барои тақаллуб интиқод карданд.
Санду дар гузашта дар мақоми нахуствазири Молдова кор кардааст ва дар таблиғоти интихоботиаш алайҳи фасод ҷанг эълон карда ба эҷоди ҳамкориҳои наздиктар бо Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст. Додон бо шиори “субот” иштирок кард ва натиҷаҳои худро аз ҳамкориҳо бо Маскаву ҷалби қарзу кӯмакҳои иқтисодии Русия ситоиш намуд.
Додонро барои шеваи бархӯрд бо коронавирус интиқод мекунанд. Дар Молдова, ҷумҳурии шӯравии собиқ, 89 ҳазор нафар бемор шуда ва 2 ҳазор нафар ҷон додаанд. Молдова бо 3,5 миллион аҳолӣ як кишвари нодор дар қораи Аврупо ба ҳисоб меравад ва иқтисоди заъифу фасоди сартосарӣ аз мушкилоти ҷиддии кишвар гуфта мешавад.
Як мушкили дигари ҳукумати Молдова номуайян будани мақоми Минтақаи соҳили Днестр минтақаи ҷудоиталабе мебошад, ки баъди як ҷанги истиқлолталабии солҳои 1990 амалан мустақилона пеш меравад. Минтақаро аз назари иқтисодиву сиёсӣ Маскав пуштибонӣ мекунад, чун мехоҳад, ки Молдова дар мадори геополитики он бимонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.