13 март Давлат Худоназаров – коргардон ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ 75 - сола шуд. Чандин сол аст, ки ӯ аз фаъолияти сиёсӣ ва коргардонӣ канор рафта, бештар ба таҳқиқ ва пажуҳиш рӯ овардааст. Ҳоло ӯ дар Маскав зиндагӣ дорад ва бештар бо фаъолиятҳои ҷамъиятӣ машғул аст.

Бахшида ба зодрӯзи Давлат Худоназаров, мо андешаҳои ӯро гирдоварӣ намудем, ки дар замони гуогун ба расонаҳо баён доштааст.

“Ҳоло ба дигар соҳа рафтаам, таърихшинос шудаам. Фаъолият дар бойгонӣ аз сабти филм шавқовартар аст”.

(Мусоҳибаи ихтисосӣ барои Asia-Plus, 22 октября, 2012)

“Агар ту ба ҷаҳолат посух диҳӣ, онро зиёд мекунӣ, паҳн месозӣ ва хиёнат ба эътиқоди хешро оғоз менамоӣ. Менталитети мо – ҳамонест, ки 24 соат зиндагӣ мекунем, ин муносибат бо табиат, муҳити атроф, одамон, ҳайвонот аст. Ҳамаи ин дунёи моро ташкил медиҳад. Ҳар қадар ин муошират ва муносибат зиёд аст, ҳамон қадар одамон хуб ва нарм мешаванд”.

(мусоҳиба дар АИ “Фергана”, соли 2015)

“Бигзор дар оинаи нилгул фантасмагория намоиш диҳанд, аммо барои он ки ҷузъе аз фарҳанги мардум бошад, дар он бояд ҳақиқат баён карда шавад. Аммо он набояд танҳо ҳақиқати миллати кӯчак ё қавми хурд бошад”.

(мусоҳиба дар АИ “Sputnik”, январи соли 2018)

“Барои ман, ҳоло масоили сиёсӣ дуюмдараҷа шудааст... Ҳоло барои ман фарҳанг муҳим аст, чунки фарҳанг метавонад якҷоя бо дину маҳзаб мардумро дар як чаҳорчӯба муҳофизат кунад”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, октябри соли 2012)

“Дар Ватани ман аллакай рақс карда наметавонанд. Дар Ватани ман наметавонанд бо доира суруди туёна сароянд. Барои ман ин фоҷеа аст”.

(Мусоҳибаи ихтисосӣ барои Asia-Plus, 22 октября, 2012)

“Вақте дар Ватан кореро анҷом медиҳем – мо инро дар хонаи худамон мекунем. Аммо вақте нафари ғайри тоҷик ба хонаи мо омада, онро дӯст медорад, барои он хизмат мекунад, баъзан бештар аз мо, - инро бояд қадр кунем”.

(мусоҳиба дар АИ “Фергана”, соли 2015)

“Ҳар як филм таърих, фалсафа ва сатҳи худро дорад... Дуруст, бисёре аз филмҳои “Тоҷикфилм”-и советиро беҳтарин гуфтан душвор аст. Аммо он филмҳоро намоиш бояд дод ё не, бояд роҳбарияти шабакаҳои телевизионӣ муайян кунанд. Шахсан ман муқобили қатъи намоиши ин филмҳо дар ТВ ҳастам”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, соли 2018)

“Ташаккул ва рушди кинои тоҷик бешак бо низоми шӯравӣ вобаста аст. Бе Иттиҳоди Шӯравӣ , бе сиёсати фарҳангии он киноматографияи миллӣ ба таври тасаввурнопазир ташаккул ва рушд намекард”.

(мусоҳиба дар АИ “Sputnik”, январи соли 2018)

“Баъзан дар саҳна ҳастед, баъзан берун аз он... Лекин тақдири Тоҷикистон, меҳр ба Тоҷикистон ҳама вақт бо ман аст, то ман зинда ҳастам”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, октябри соли 2012)

“Барои ҳар кор дигар вақт ва қувват нест, лекин хоҳиши кӯмаки машваратӣ ба насли ҷавон ҳаст, агар ба онҳо манфиат оварда тавонам”.

(мусоҳиба дар АИ “Фергана”, соли 2015)

“Вақте синни одам ба 70 мерасад, бояд фикр кунад, ки чӣ қадар вақти дигар дорад ва ин вақтро бояд ба насли наврас бахшад”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, октябри соли 2012)