Омодагирии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз босуръат ҷараён дорад. Донишҷӯёну хонандагон раҳпаймоӣ кардаву варзишгарон омодагӣ мегиранд. Хадамоти гуногун кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро ба тартиб меоваранд.

Ёдрас мекунем, ки имсол бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон санаи 21 март бо иштироки ҳунармандони мардумӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз саросари кишвар ба ифтихори ҷашни Наврӯз Карнавали наврӯзӣ (Шодиёнаи наврӯзӣ) доир мегардад.

Рӯзи 16 март аз соати 8 то 9-и субҳ марафони велосипедронӣ ва аз соати 9 то 10 дави наврӯзӣ гузаронида мешавад. Веломарафон ва дави наврӯзӣ аз маҷмааи “Наврӯзгоҳ” оғоз гардида, дар посгоҳи “Чорбоғ” (роҳи вуруд ба ноҳияи Варзоб) ба итмом мерасанд.

Ҳамин рӯз дар бозорҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои наврӯзӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Санаи 20 март Наврӯз дар шаҳри Норак дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад.

Шаби 20 ба 21 март март дар чор ноҳияи шаҳр фарорасии соли навро бо чорабиниҳои фарҳангӣ пешвоз мегиранд. Чорабиниҳои фарҳангӣ дар майдони 800-солаги Маскав (назди театри опера ва балет), боғҳои Айнӣ, Фирдавсӣ ва майдони Сино (назли Прокуратураи генералӣ) баргузор мешаванд.

Рӯзи 21 март аз соати 9 то 13 дар роҳҳои асосии пойтахт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ карнавал доир гардида, дар тамоми боғҳои шаҳр аз соати 10 баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Санаи 22 март дар “Кохи Суруш” ва Китобхонаи миллӣ аз соати 9 то 16 зери унвони “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ" форуми байналмилалӣ барпо шуда, соати 17:30 дар мҷмааи “Наврӯзгоҳ” намоиши театрикунонидашуда оғоз мегардад.

Ҳамчунин санаи 23 март аз соати 9 то 14 дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) таҳти унвони "Наврӯз - мероси фарҳангию сайёҳӣ" фестивали байнулмилалӣ доир мегардад.