ЯК СОЛУ 4 МОҲИ ЗИНДОНИ ИМОМИ СОБИҚ БАРОИ ПАХШИ ТУГМАИ “КЛАСС”

Додгоҳи Панҷакент рӯзи 5 март Қорӣ Шоҳон Қосимов, имоми собиқи яке аз масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Рукнободро бо ҷурми барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба як солу чор моҳи зиндон маҳкум кардааст. Қорӣ Шоҳон Қосимов моҳи ноябр ҳамроҳи ду хонандаи мактаб аз деҳаи Рукнобод бо иттиҳоми дар Интернет пахш кардани тугмаи "класс” дар зери кадом матлаби марбут ба гуруҳҳои ифротӣ дастгир шуда буд, вале он ду ноболиғро баъди чанд рӯзи боздошт ҷавоб доданд.

Як манбаи сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзи 5 март баррасии парвандаи Қорӣ Шоҳон Қосимов, имоми собиқи яке аз масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Рукнобод (собиқ Советобод ва Шӯрча)-ро ба анҷом расонда, ӯро бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ гунаҳкор шинохт. Мурофиаи парвандаи Қорӣ Шоҳон Қосимов дар додгоҳ таҳти раёсати додрас Диловар Мирзоҳомидзода сурат гирифтааст.

Тафсилоти ҳукми додгоҳ дастрас нашудааст, вале сомонаи "Ахбор” моҳи ноябри соли 2018 дар бораи боздошти се сокини Рукнобод бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротӣ хабар дода буд.

Ин бори аввал буд, ки сокинони Рукнобод бо чунин иттиҳом дастгир шуданд ва ин мардумро дар ин минтақаи Панҷакент нигарон карда буд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, нахустин шуда, рӯзи 14 ноябр Меҳрофарин Наҷеуллоев, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 64 дастгир шуд. Гуфта мешавад, ки Меҳрофарини 17-сола гӯё дар Интернет зери кадом матлаби мазмунаш ифротӣ тугмаи "класс”-ро зер кардааст.

Ҳамсӯҳбатони сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки Меҳрофарин бачаи намозхон буд ва ӯро қаблан як дафъа мақомот ҳангоми адои намоз дар масҷид дастгир карда, огоҳӣ дода будаанд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, дар намозҳои масҷид иштирок кардани нафарони то синни 18, ба истиснои намозҳои таровеҳ дар моҳи Рамазон, мамнӯъ мебошад.

Рӯзи 18 ноябр мақомоти милиса аз деҳаи Рукнобод боз ду нафар – Қорӣ Шоҳон Қосимов, имоми собиқи яке аз масҷидҳои панҷвақтаи ин деҳаро ҳамроҳ бо боз як хонандаи мактаб омада бурдаанд. Сокинони Рукнобод тахмин мезаданд, ки шояд инҳоро бар асоси баёноти Меҳрофарин Наҷеуллоев бурда бошанд. Хонандаи дуюми боздоштшуда низ, ба гуфтаи сокинон, намозхон буд.

Қорӣ Шоҳон то замоне ки масҷиди панҷвақтаи яке аз маҳаллаҳои Рукнобод фаъол буд, имоматии онро ба ӯҳда дошт. Вале ин масҷид баъдан бо қарори мақомот баста шуд.

Ду хонандаи мактабро, ки ҳарду ноболиғ буданд, баъди чанд рӯз ҷавоб доданд, вале парвандаи Қорӣ Шоҳон Қосимов ба додгоҳ рафт.

Деҳаи Рукнобод, ки қаблан Шӯрча ва Советобод ном дошт, дар ҷамоати деҳоти Ворӯи Панҷакент ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа, бино ба маълумоти нашршуда дар Википедия, қариб 7 ҳазор нафар, ҳама тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон