Ҳокими вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Баҳодур Пӯлодов раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро даъват намуд, ки Наврӯзро ҳамроҳ ҷашн гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Ба ғайр аз раиси вилояти Хатлон, ба иштирок дар чорабиниҳои асосии идона дар вилояти Сурхондарё, ки санаи 17 март дар Тирмиз баргузор мешаванд, ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, сардорони посгоҳҳои гумрукӣ ва сарҳадии воқеъ дар марз бо минтақаи ҷануби Ӯзбекистон низ даъват шудаанд.


Дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тирмиз баргузории консерти муштараки устодони санъати вилояти Хатлон ва Сурхондарё дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки меҳмони ҳамдигар шудан байни минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба як анъанаи неке табдил ёфта истодааст.

Раҳбарияти вилояти Хатлон меҳмони доимӣ дар чорабиниҳо дар Тирмиз буда, раиси вилояти Сурхондарё Баҳодур Пӯлодов аз шаҳри Турсунзода боздид ва дар таҷлили чашни Меҳргон иштирок кард.