То 5500 хазор доллар карзамро надихад чанозаша нахонед Эшон. (ВИДЕО)

То 5500 хазор доллар карзамро надихад чанозаша нахонед Эшон. (ВИДЕО)

 

и 19 феврал намози ҷанозаи Бойназар ном сокини деҳаи Пишандочи дараи Ромит ба моҷарое печид, ки бисёриҳо ангушти ҳайрат газиданд ва гиребон гирифтанд. Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода, ки имоматии намози ҷанозаи ин муриди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба дӯш дошт, қабл аз шурӯи намоз аз ҳозирин пурсид, ки касе ба марҳум даъвое ё қарзе дорад? Дар ин ҳангом Насрулло ном сокини деҳаи Явроз пои тобутро дошт ва гуфт, марҳум Бойназар аз ӯ 550 доллар қарз дорад, то пулро соҳибашонаш надиҳанд, намози ҷанозаро нахонед.... Эшони Нуриддинҷон гуфтааст, ки дар умри худ бори аввал шоҳиди чунин коре шудааст.

Рӯзи 19 феврал дар деҳаи Пишандочи дараи Ромит намози ҷанозаи Бойназар ном марде, ки дар синни 65 аз олам чашм пӯшид, доир шуд. Бойназар аз муридони хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни маъруфи шаҳри Ваҳдат ва Тоҷикистон буд. Ба ин далел, имоматии намози ҷанозаи марҳумро шахсан Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ба дӯш гирифт.

Эшони Нуриддинҷон пеш аз он ки намози ҷанозаро оғоз кунад, ба ҳозирин рӯ овард ва гуфт, агар касе ба марҳум даъвое дорад, ё қарзе, инҷо бигӯяд, то соҳибони майит ба ӯҳда бигиранд ва қарз ба қиёмат намонад.

Чунин даъватро дар ҳар намози ҷаноза мекунанд ва одатан мардум бо чанд зикри хайр марҳумро ёд мекунанд ва намози ҷаноза оғоз мешавад.

Вале дар Пашиндоч мардумро як чӣ ба ҳайрат овард, ки ҳангоми суханронии Эшони Нуриддинҷон марде бо номи Насрулло аз деҳаи Яврози дараи Ромит омада тобутро қапид ва бо садои баланд бо Эшони Нуриддинҷон гуфт: "Ин Бойназар аз ман 5,5 ҳазор доллар қарздор аст, то пулро надиҳанд, намози ҷанозаи марҳумро нахонед.”

Насрулло ҳамчунин гуфт, ки дар вақти зинда будани марҳум чанд бор омад, қарзашро талаб кардааст, вале марҳум бо писаронаш ӯро дашному таҳқир дода, дасти холӣ баргардондаанд.

Насрулло гуфт, "ман вақте чанд бор дасти холӣ баргаштам, аҳд кардам ба худам, ки агар аз дунё равад, пои тобуташро мегирам ва қарзамро талаб мекунам.”

Насрулло дар ҳоле ки аз пои тобут гирифта буд, гуфт, "ба хотири камбағалиаш 3500 доллар аз қарзамро ҳаминҷо мебахшам, вале ду ҳазори дигарашро баргардонанд.”

Эшони Нуриддинҷон баъди шунидани ин даъво бо нармӣ аз мардум даъват кард, ки "қарз қарз аст ва ман аз қави деҳаи Пашиндоч хоҳиш мекунам, то ҳар кадомаш як гӯсфандӣ ҷамъ карда, ба муриди марҳуми мо кумак намоед. Агар не, худи ман ин ду ҳазор долларо медиҳам.

Ба гуфтаи сокинони Пашиндоч, ин қарз аз тақрибан 10 соли пеш будааст. Он вақт писари Бойназар маризи сахт шудааст ва ӯ, ки зиндагии фақиронае дошт, барои табобати писараш аз Насрулло чанд бор қарз гирифтааст. Сокинон мегӯянд, ки қарзи Бойназар хеле камтар аз 5500 доллар буд, вале дар ин қадар сол чунон фоизи зиёде зоид, ки назар ба худи қарз чанд баробар бештар шуда, ба як маблағи барои ин марду фарзандонаш миёншикан табдил ёфт.

Эшони Нуриддинҷон баъди бозгашт аз намози ҷаноза гуфтааст, ки дар тӯли умраш садҳо намози ҷанозаро имоматӣ кардааст, вале бори аввал шоҳиди чунин коре шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон