расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АЗ ХУРДӢ БА МУЛЛОҲО НАФРАТ ДОРАМ!

. / Ҷомеа

АЗ ХУРДӢ БА МУЛЛОҲО НАФРАТ ДОРАМ!

                                                                          Пешгуфтор
Айнура акнун 40 сол дорад. Ин зани татаритабор аз рӯзе, ки худро ёд дорад, дар Тоҷикистон аст ва ҳам дар водии Кӯлоб. Бале, падараш солҳои пеш тарки ватан карду ба сарзамини мо омад ва тоҷикдухтареро аз ноҳияи Балҷувон ба занӣ гирифт.
Баъди тавлиди писар Айнура ба дунё омад. Пас аз Айнура модари ӯ боз 3 писари дигар таваллуд кард, вале ҷойи ӯ дар назди падару модар болотар аз дигарон буд, зеро “ягона духтари хона” гуфта, ҳама ҳурматаш мекарданд. “Ин ҳурмат ҳам меъёр доштаасту лаҳза” бо гиря гуфт ӯ зимни суҳбат. Бино ба нақли ӯ баъди вафоти модараш дар ин хонадон саги паси дар қадр дошту ӯ не, зеро падар барояшон моиндар оварду...
Ёди модар
- Модарам ягона ва меҳрубонтарини олам буданд, - бо ин ҳарфҳо суҳбати мо оғоз шуд. – Ёдам ҳаст, ки аз хурдсолии ман ӯ аз дарди зардпарвин азоб мекашид. Аслан, оилаи мо қариб ҳама гирифтори зардпарвинанд. Ҳамеша аз падарам хоҳиш мекарданд, ки ӯро ба назди ягон табиб барад, вале ҳар дафъа баъди ин зориҳои модар дар хона домуллое пайдо мешуду ӯро сурахонӣ мекард. Аҳволи модарам рӯз ба рӯз бад мешуд, вале падарам “ихлосу халос” гуфта, доим ҳамон як муллоро меоварданд.
Шаби 29 августи соли 1986 аҳволи ӯ боз вазнин шуд. Ҳамаро ҷамъ карданд. Ман он вақт мактабхон будам ва дар синфи ибтидоӣ мехондам. Дурудароз гиря карда, аз падарам хоҳиш намуданд, ки ҷонашро харад. Падар ҳам "хуб" гуфту ба берун баромаданд. Мо мондему модарам. Насиҳатамон карданд. Бисёртар таъкид мекарданд, ки аълохон шавему асло мактабро напартоем. Базӯр – базӯр нафас мегирифтанд, вале ҳамоно насиҳат мекарданд (мегиряд ...).
- Падаратон дар он нисфи шаб ба куҷо рафтанд?
- Ба деҳаи ҳамсоя барои овардани ҳамон мулло, чунки хонаи ӯ дар ҳамсояқишлоқ буд. Дер расиданд. Намози хуфтанро дар масҷиди қишлоқи ҳамонҳо хонда, баъд омаданд. Мулло куфу суфро сар кард. Аз сураҳои “Қуръон” пораҳо мехонду ҳар замон тарафи модарам “куф” мегуфт.
- Шумо дар наздашон будед?
- Бале! Ҳамон шаб касе аз мо хоб нарафтем. Махсусан, ман, ки эркаи модар будам, сахт тарсидаму аз бари модарам нахестам. Умед доштам, ки баъди дуохонии домулло ӯ боз мисли рӯзҳои пештара шифо меёбад, вале (боз мегиряд...)
- Баъд чӣ шуд?
- Марги модар медонед, ки чӣ қадар вазнин аст? Не, зеро шукр, ки модаратон саломатанд.
- Вале азоби бепадариро нағз медонам.
- Алами бемодарӣ тамоман чизи дигар аст, Мирсаидҷон! Баъди марги ӯ мефаҳмӣ, ки чизи қимматтаринатро гум кардаӣ. Бепадариро метавон тааммул кард, вале бемодариро ками кам.
- Яъне, модаратон сиҳат нашуданд?
- Вақте субҳ медамид, модарам аз мулло иҷозат пурсида, ибодат карданд. Ман дар наздашон будам. Баъди чанд муддат дурурдароз ба ман нигариста, гиристанд ва падарамро ҷеғ заданд. Вақте падарам омаданд, модарам таъкид карданд, ки аз бачаҳо дилпуранд, вале маро эҳтиёт кунанд, чунки амонати модар ҳастам. Падарам ҳам мегиристанд ва сар меҷунбонданд. Баъд модарам вафот карданд.
- Ин як рӯз баъди вазнинии аҳволашон буд?
- Бале. Шаби 29 август аҳволашон бад шуд ва рӯзи 30 – юм фавтиданд.
 
Моиндар ва рӯзгори мисл саг
Онҳое, ки бо модари угайи шаттоҳу дағал зиндагӣ кардаанд ва ё мекунанд, ин қисмати рӯзгори Айнураро нағз дарк менамоянд, зеро воқеан ҳам “модар дигар аст, дидори модар дигар аст” ё “тая дар паҳлӯи модарҷон ғанимат будааст”.
- Тақдири ояндаи шумо чӣ шуд баъд?
- Аз марги модарам ҳанӯз як сол ҳам нагузашта буд, ки падарам зани нав гирифт. Ӯ дар аввал меҳрубон буд. Ман ҳатто ӯро “очаҷон” гуфта, пушт – пушташ мегаштаму ба ҳамаи корҳояш кӯмак мекардам, вале баъдтар маълум шуд, ки зан неву аждаҳои тилисми ҷод будааст занак.
- Яъне, чӣ тавр?
- Бо ҳар баҳона тез – тез ба хонаашон мерафт. Баъзан маро ҳам ҳамроҳаш мебурд. Аз хонаи худашон риштаву қайчиву матову ҳар чзи дигар гирифта, баъд ба хонаи як пиразан мерафтем. Пиразан ҳар хел дуоҳо хонда, риштаҳоо гиреҳ мебасту матоъродаронда мепечонд ва ба модарам медод. Ҳар хел об ҳам медод. Модарам онҳоро оварда, дар ошхона, ҳоҷатхона ва ҳаммом мемонд, ки инро ман медидам. Обро бошад, ба падарам медод.
- Шумо ба падаратон инро намегуфтед?
- Мегуфтам ва доим таги шаттаи занак мемондам. Баъд дили падарам ҳам аз ман хунук шуд. Дигар сарамро сила намекард, қанд намедод, балки доим мезад. Вақте аз кор меомаданд ҳамеша ба ман б қавоқ менигаристанд.
- Падаратон чӣ кор мекарданд?
- Дар куҷое кор мекарданд он вақт.
 
Ном шогирду худ ғулом
Сабақ омӯхтан назди олими соҳаи фиқҳ, махсусан домуллоҳои диндор, замонҳои пештар мӯд буд ва ҳар нафар кӯшиш мекард, то фарзандаш ҳатман “Қоидаи бағдодӣ” хонаду сураҳои “Қуръон” – ро аз худ намод, вале касе тасаввур намекард, ки шогирд ба ҷойи сабақгирӣ ба ғуломӣ меравад ...
- Бо бародаронатон чӣ шуд?
Акаи калониам бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Акаи дигарамро бошад, падарам баъди зани дуюм гирифтанаш ба ҳамон мулло хамчун шогирд барои сабақомӯзӣ доданд. Бо акаи сеюмам доим гурехта, ба хабаргириаш мерафтем. Гиря мекард, ки азоб дорад. Гушна мемонду хунук мехӯрд.
- Ӯ дар он ҷо шабонарӯзӣ меистод?
- Бале. Бовар мекунед, акаам барои он мулло мисли ғулом буд. Гӯсфандҳояшро мечаронду хизмати хонаашро мекард. Бар замми ҳамаи ин, дар берун хоб мекард ва ҳамеша гушна мегашт. Ҳар боре, ки ману акаам мерафтем, барош шир, нон, қурут дуздида, мебурдем, ки хӯрад. Баъди чанд моҳ ӯ гирифтори варами кӯрруда (опендитсид) шуд. Падарам ӯро ба беморхона бурда, ҷарроҳӣ кард. Маълум шуд, ки ӯ ҳам зардпарвин будааст ва аз хӯрдани нони хушку чизҳои сахт касал шудааст. Чанд рӯз дар беморхна буд. Баъд ӯро ба хона оварданд.
- Дар ин вақт мулло ба хабаргириаш мерафт?
- Ман ҳар рӯз мерафтам, вале он домуллоро ягон бор дар он ҷо надидам. Ба хона ҳам наомад ягон бор. Аз аҳволаш тамоман намепурсид.
- Акаатон шифо ёфт?
- Шукр, ки баъди чанд мудат шифо ёфт.
- Баъд чӣ кор кард?
- Боз ба хонаи ҳамон мулло рафт. Зора мекард, ки намеравам аммо падарам маҷбур ӯро фиристод. Ман “нарав” гуфта, гиристам, вале рафт.
- Ин дафъа рӯзгораш он ҷо чӣ гуна буд?
- Намедонам, чунки дигар маро намемонданд, ки ба хабаргириаш равам. Вақте ба синфи 8 гузаштам, як саҳар кадоме ӯро оварда, дар пушти дарвоза гузошту рафт. Маълум шд, ки боз бемор шудааст ва домулло ҳам аз чунин шогирд даст кашидааст. Шаб бозиву шӯхӣ кардем ҳардуямон. Камтар беҳтар шуд.
- Ҳоло чӣ ҳол дорад?
Субҳи ҳамон рӯз ман мисли ҳаррӯза ба мактаб рафтам. Нисфирӯзӣ вақте аз дарс меомадам пушти хонаамонро пур одам дидам. Тарсидам, ки бо падарам чизе шудааст, вале баъд фаҳмидам, ки акаам аз дунё гузаштааст (мегиряд). Аз рӯзи марги модарам ба мулло нафрат пайдо кардам, зеро умед доштам, ки баъди куфу суфи ӯ очаҷонам шифо меёбад, лекин ӯ мурд. Баъди мурдани акаам ин нафрат ба бадбинии бузург табдил ёфт, чунки ҳамон домулло ӯро кушт. Аз ин рӯ, онҳоро чашми дидан надорам...
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи мусоҳибаи мухбири мо Мирсаид Сатториёнро бо ин бонуи ҷафодида пагоҳ дар ҳамин вақт мутолиа кунед.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/az-khurd-ba-mulloo-nafrat-doram

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.