ДУ АКС АЗ ҶОИ ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР САДАМАИ ДАНҒАРА

ДУ АКС АЗ ҶОИ ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР САДАМАИ ДАНҒАРА

Ба дасти сомонаи "Ахбор” ду аксе расид, ки аз маҳалли садамаи пурқурбонии рӯзи 17 феврал дар ноҳияи Данғара бардошта шудааст. Соати тақрибан 14 дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати Себистони Данғара дар наздикии маҳалли куштори сайёҳони хориҷӣ бар асари бархӯрди ду мошини "Мерседес” ва "БМВ” 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи садама "Мерседес” хароб шуда, "БМВ” ба ҷарӣ сарозер шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин садама ронандаи "БМВ” сокини ноҳияи Фархор Ғаффор Маҷидов ва ду мусофираш, ки ҳарду зан ва аз Фархор будаанд, ҷон бохтаанд. Ҳамин тавр, як марду як зан аз мошини "Мерседес” ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо сокинони Данғара мебошанд. Мақомот дар бораи ин садамаи пурқурбонӣ то ин соат ҳанӯз ягон шарҳи расмӣ надодаанд.

Шоми 17 феврал тавассути яке аз хонандагон ба дасти сомонаи "Ахбор” ду аксе расид, ки дар маҳалли садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Данғара бардошта шудаанд.

Қаблан чанд манбаи гуногун ба сомонаи "Ахбор” дар бораи як садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб хабар доданд. Ба гуфтаи шоҳидон, садама рӯзи 17 феврал, соати тақрибан 14 дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, дар наздикии маконе, ки рӯзи 29 июл 4 сайёҳи хориҷиро кушта буданд, рух додааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ин минтақа ду мошини "Мерседес” ва "БМВ” ба якдигар бархӯрдаанд. Дар натиҷа, мошини "Мерседес” (ДАР АКСҲО) хароб шуда, мошини "БМВ” ба ҷарӣ чаппа шудааст. Бар асари ин садама, сокини деҳаи Алоуддини ноҳияи Фархор Ғаффор Маҷидов, соли таваллудаш 1975, ки ронандаи "БМВ” буд, ва ҳамчунин ду зани мусофири ин мошин ҳалок шудаанд.

Аз мошини "Мерседес” низ як марду як зан ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҳарду сокинони Данғара мебошанд.

Вазъи як нафари дигари дар ин садама маҷруҳшуда вазнин гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин дуюмин садамаи нақлиётӣ буд, ки Ғаффор Маҷидови 44-сола дучор шуд. "Аз садамаи аввал Ғаффор ҷони солим ба дар овард, вале ин дафъа умр вафояш накард,” – гуфт як шоҳиди садамаи пурқурбонӣ дар Данғара.

Охирин қурбонии ин садама соати тақрибан 16 дар бемористони Данғара ҷон додааст ва ба гуфтаи манобеи "Ахбор”, се қурбонии садама аз мошини "БМВ”-ро алакай бо мошини "Ёрии таъҷилӣ” ба Фархор бурдаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол дар роҳҳои ин кишвар ҳудуди 1400 садамаи нақлиётӣ рух медиҳад. Ҳар сол дар ин садамаҳо то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 нафар маъюб мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон