Пешгири аз фасод (дискотека дар ҷомеъаи имрузаи мо) (ВИДЕО)

Пешгири аз фасод (дискотека дар ҷомеъаи имрузаи мо) (ВИДЕО)

 

Ба номи худованди мехрубон


     Уламои ислом усули марбут ба васоили фасод ва пешгири аз мукаддимоти фасодро аз ин оят истинбот кардаанд:
   وَ لا تَسُبُّوا الّذينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ فَيَسُبُّوا اللّهَ عَدْواً بِغَيرِ عِلْمٍ.
   "Эй муъминон! Ба маъбудҳо ва бутҳое, ки мушрикон ба чуз худо мепарастанд, дашном надихед! Мабодо онон худоро дашном диханд." (Анъом-108)
     Худованд дашном додан ба бутхои мушриконро харом кардааст, харчанд мусалмонон ба хотири дифоъ аз дини худо ва таҳкири маъбудони ноҳак муртакиби чунин коре мешуданд. Аммо чун гумони он мерафт, ки ин амр боис мешуд, мушрикон ба худованд тавҳин кунанд, худованд мусалмононро аз тавҳин ба маъбуди кофирон манъ намуд.
     Паёмбар (с) дар мавриди пешгири аз мукаддимоти фасод фармудаанд:
   "Хар кас, ки дар наздикии девори боги дигарон гусфандашро чаронад, эхтимоли зиёд дорад, ки гусфандонаш вориди он бог шаванд. Огоҳ бошед! Чизҳое, ки аз чониби худо ҳаром шудааст, чузъи маҳдудшудаи ҳудуди худост, ҳарки ба ин маҳдуда наздик шавад, эҳтимол дорад дохили он шавад ва муртакиби гунох гардад." (Ривояти Бухори)
     Бо таваҷуҳ ба асли садди зароеъ ва пешгири, уламои ислом усул ва мабодии фикхии зерро истинбот намудаанд ва дар партав нури онхо ба содир намудани аҳкоме пардохтаанд:
     Якум:  Ҳар чизе, ки инсонро ба суи ҳаром бикачшонад, ҳаром аст.
     Дуввум:  Ҳар чизе, ки мукаддимаи воҷиб бошад ва бе он воҷиб иҷро нашавад, он низ воҷиб аст.
     Саввум:  Ҳар чизе, ки микдори зиёди он зарарнок бошад, микдори ками он ҳам зарарнок ба шумор меравад.
     Чаҳорум:  Дафъ намудани зарар муқаддам бар ҷалби манфиат аст.
     Яке аз мисолҳо ин аст, ки паёмбар (с) ҷамъ кардани зан бо амма ва ё ҳолаашро дар никоҳи як шавҳар ҳаром кардааст ва фармудааст, ки чунин кор катъи силаи раҳм аст. Ин кор ҳарчанд бо ризоияти ҳамсар ҳам бошад, боз чоиз нест, чун муқаддимае барои қатъи силаи рақми байни зан ва хола ё аммааш мебошад.
     Мисоли дигар ин аст, ки шариат гувоҳии душман ба зиёни душманашро кабул надорад, то касе натавонад ба воситаи адои гувоҳии ва шаҳодати ботил ба душманаш ноҳак зиён расонад.
     Намунаи дигар ин аст, ки паёмбар (с) манъ кардаанд, ки як мард ва зан дар як макон бо ҳам ҳилват кунанд, магар ин, ки он ду бо хам махрам бошанд. Сабаби нахй ин аст, ки хилват бо зани бегона мукаддимаест, ки инсонро ба суи зино мекашонад. Боз намунаи дигар ин аст, ки паёмбр (с) наҳй намудааст аз ин, ки шахсе хостгори болои хостгории дигарон ва ё муомилаи савдоро болои муомилаи савдои дигарон анчом диҳад, зеро ин амр боиси куния ва адоват дар байни мардум мешавад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон