Бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни драмнависонро эълон кард.

“Қабули асарҳо аз 1 март то 1 августи соли 2019 сурат гирифта, онҳо бояд фарогири мавзӯъҳои муосир, инъикосгари дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар давраи сҳибистиқлолӣ бошанд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, асарҳои бо забони русӣ ва ӯзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта, меъёри пешниҳод арзиши бадеӣ-ғоявии пйесаҳо‚ ҷавобгӯии онҳо ба қонуниятҳои жанри драматургия ва ҳамкории драматург бо режиссёри театр бошад.

“Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян мегарданд. Баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ғолибони озмун бо мукофотпулиҳои зерин қадрдонӣ мешаванд: ҷои якум – 5 ҳазор; ҷои дуюм – 3 ҳазор ва ҷои сеюм – 2 ҳазор сомонӣ”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.