Дастгоҳи безараргардонии лампаҳои каммасраф дар Душанбе аз кор баромада, айни замон лампаҳои симобдоре, ки аз аҳолӣ қабул мешаванд, коркарду безарар гардонида намешаванд, хабар дод ба журналистон муовини директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК) Нуралӣ Марҳабо Мир.

Ӯ қайд кард, ки айни замон мутахассисон даъват шуда, онҳо дастгоҳро барқарор мекунанд, лекин бо вуҷуди ин, қабули лампаҳои каммасраф (сарфакунандаи энергия)-и корношоям идома дошта, онҳо дар нуқтаҳои махсус нигаҳдорӣ ва сипас коркарду безарар карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин дастгоҳ дар пойтахт соли 2013 бо кумаки Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ва дастгирии барномаи грантҳои хурди Фонди глобалии экологӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Дар Тоҷикистон, ба қавли Нуралӣ Марҳабо Мир, имрӯз танҳо дарХуҷанд дастгоҳи коркарду безараргардонии лампаҳои симобдори корношоям амал мекунад, ки соли 2017 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Русия ба маблағи 220,2 ҳазор сомонӣ харида шудааст.

Директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода ба журналистон изҳор намуд, ки соли равон дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахт аз ҳисоби грант ва қарзҳои Бонки аврупоии таҷдиду рушд, харидорӣ ва насби дастгоҳи безараргардонии лампаҳои каммасраф дар шаҳри Бохтар низ дар назар аст.

Барои ба истифода додани чунин таҷҳизот дар шаҳри Хоруғ ҳукумат алҳол сармоягузоронро ҷустуҷӯ дорад.

“ХМК ба ҳукуматдорони вилоят ва шаҳру навоҳӣ муроҷиат карда, дархост намуд, ки барои сохтмони анборҳои нигаҳдории лампаҳои симобдори истифодашуда ва ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати ивази лампаҳои корношоям ба нав аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ воситаҳо ҷудо намоянд”, - иттилоъ дод Ҷамшед Табарзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, шурӯъ аз соли 2011 то соли 2018 аз аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо дар Тоҷикистон 432 ҳазору 185 дона лампаҳои каммасрафи истифодашуда ҷамъоварӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашта, нахустин дастгоҳи безараргардонии чунин лампаҳо соли 2013 бо харҷи тақрибан 180 ҳазор доллар дар Душанбе ба истифода дода шуд. Қарз барои дастрас намудани чунин дастгоҳ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҷудо гардида, он дар шаҳри Улан-Удейи Русия харидорӣ шуд.