Баҳром Иноятзода раиси шаҳри Истаравшан: касе аз масҷид бо фикри солим набаромадааст

Празднование Рамазана в Душанбе

Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Истаравшан таъкид намудааст, ки ба ҷои зиёд намудани ҷавонони масҷидрав, бояд сафи донишҷӯён ва кормандон зиёд карда шавад

 Дар давоми ду соли ахир мақомоти шаҳри Истаравшан фаъолияти 36 масҷидро қатъ кардаааст, иттилоъ додааст хабаргузории Tajikistantimes. сom, дар истинод ба раиси шаҳр Баҳром Иноятзода.

Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти шаҳри Истаравшан дар соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва соли 2018 фаъолияти 12 масҷидро дар шаҳр манъ кардааст.

Ҳамзамон Баҳром Иноятзода қайд намудааст, ки аз масҷид касе бо фикри солим набаромадааст.

“Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набаромадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд ҳамааш аз фикрҳои носолим сарчашма гирифтааст ва ин гуна фикрҳо ҳамааш аз масҷид дар сари он ҷой шудааст”, - гуфтааст Иноятзода.

Вай таъкид намудааст, ки ба ҷои зиёд намудани ҷавонони масҷидрав бояд сафи донишҷӯён ва кормандон зиёд карда шавад.

“Танҳо соли гузашта 120-нафар ҷавононе, ки ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда натавонистанд бекор монданд.  Аз ин рӯ масҷид не,  мактабро бояд зиёд кард”, - афзуд Иноятзода.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон