Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби Ишқобод ба кӯчарӯбӣ баромаданд

Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳри Ишқободро 2 феврал ғайриинтизор ба шанбегӣ бароварданд. Мудирони мактаб барои ба шанбегӣ баровардани омӯзгорону хонандаҳо субҳи ҳамон рӯз аз раҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ тавонист бо чандин мудири мактабҳои Ишқобод суҳбат кунад. "Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳр рӯзи шанбеи гузашта ба ҳашар бароварда шуданд. Мудирони мактаб ҳатто рӯзи чумъа намедонистанд, ки фардо шанбегӣ аст", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатҳои мо.

Иштирокдорони шанбегӣ баргҳои дарахтонро дар кӯчаҳои протоколӣ чида, хиёбонҳои Арчабил, Чандибил ва Копетдоғро дар ҷануби Ишқобод рӯбучин карданд. Ин шанбегии дастаҷамъии омӯзгорону хонандаҳо як рӯз пеш аз боздиди президенти Туркманистон аз Маҷмааи аспсавории Ахалтекин ва дучархасавории ӯ дар доманакуҳҳои Капетдоғ сурат гирифтааст.

Хонандагону омӯзгорон маҷбур буданд, се роҳеро рӯбучин кунанд, ки ба маҷмааи аспсаворӣ мераванд. Зеро маълум набуд, ки президенти Туркманистон бо каме аз онҳо хоҳад гузашт.

Ҳашарҳои дастаҷамъӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои давлатӣ дар Туркманистон пайваста сурат мегирад. Дар як сол ду бор - баҳор ва тирамоҳ шанбегии умумимиллӣ дар ин кишвар ташкил карда мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон