расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рустами Эмомалӣ ниҳолшинониро оғоз кард

. / Ҷомеа

Рустами Эмомалӣ ниҳолшинониро оғоз кард

Ду шафати хиёбони Айнӣ бо беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия сабзпӯш мегардад.

Сурат: дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе
Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ ба ин  маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшид.
Гуфта мешавад, дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия шинонида мешавад, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.
“Дар маҷмӯъ, ин мавсим тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 млн адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 млн дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.



Аксҳо аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе1/5
Раиси пойтахт масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуд.
“Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва албатта риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад”, - қайд мешавад дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.