ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ЯК ФОҲИШАХОНА ДАР ДУШАНБЕ

Як марди 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар Душанбе бо иттиҳоми ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, гумонбар дар хонаи иҷорааш дар кӯчаи Шевченко "барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё карда”, рӯзи 5 январ хонаро ба се ҷуфти гуногун ба иҷораи соатакӣ супурда, аз онҳо дар маҷмӯъ 500 сомонӣ "мукофотпулӣ” гирифтааст. Ба ин мард бар асоси моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои аз як марди 26-солаи сокини Турсунзода ва як зани 34-солаи сокини Душанбе барои ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17 январ аз ошкор шудани боз як мавриди нави ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дар Душанбе хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД марди 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Ӯ дар тӯли як рӯзи 5 январ манзили иҷораашро ба се ҷуфти мухталиф барои алоқаи ҷинсӣ ба иҷораи соатакӣ супурда, дар маҷмӯъ аз онҳо 500 сомонӣ "мукофотпулӣ” гирифтааст.

Номбурдааз ҷумла рӯзи 5-уми январи соли 2019 хонаи ба иҷора гирифтаашро, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Фирдавсӣ ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда ба шаҳрвандон: марди 26-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамин тариқ, гумонбар ҳамон рӯз ҳамин хонаи воқеъ дар кӯчаи Шевченкоро барои алоқаи ҷинсӣ намудан боз ба марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, номбурда дар ҳамин рӯз хонаи ба иҷора гирифтаи мазкурро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ, ҳамчун муҷозот ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти ВКД қаблан гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 2000 зани танфурӯшро сабт кардаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон