ВИДЕОИ АЁДАТИ ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН АЗ ЯК ЗАНИ 86-СОЛА

Дар Интернет видеои зоҳиран наве аз Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик нашр шудааст. Дар ин видео Эшони Нуриддинҷон дар як манзили фақирона ҳангоми аёдати як зани солхӯрда тасвир шудааст. Эшони Нуриддинҷон бо ин кампири 86-сола каме шӯхӣ ҳам мекунад ва барояш дасти дуо мекушояд. Дар як лаҳзаи видео Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода ҳам дида мешавад, ки низ барои аёдати ин зани солхӯрда аз дар медарояд. Зан, ки аз мухлисону муридони Тӯраҷонзодаҳо ба назар мерасад, бо ихлос даст ба риши онҳо мезаду, ба сару рӯяш мемолид.

Эшони Нуриддинҷон дар ин видео вақте барои аёдат пеши як зани солхӯрда медарояд, бо ӯ каме шӯхӣ мекунад, ки ҳеҷ фикр надошт, ки ӯ то ҳол зинда бошад. Дар ин лаҳза бародари хурдии ӯ Эшони Маҳмудҷон низ бо нияти аёдати ин кампир аз дар медарояд ва барои саломатии ин зан дуо мекунад.

Эшони Нуриддинҷон ба чунин синни бузург расидани ин зани солхӯрда як фоли нек номида, мегӯяд, ки "ин модар дигар ба ҳукми малоикаҳост, ИншоАллоҳ.”

Эшони Нуриддинҷон сипас барои ин зани муриди содиқаш даст ба дуо мекушояд. Ӯ сипас аз ин зан хоҳиш мекунад ки: "Дар ҳаққи мо ҳам дуо кун. Худованд бихоҳад, дуои шумо иҷобат мешавад ҳамеша.”

Зани солхӯрдавақте шинохт, ки чӣ шахсе ба аёдаташ омадааст, даст ба риши ӯ мезаду бо ихлос ба рӯяш мемолид.

Эшони Нуриддин қабл аз хестан аз ин зан, ки 86 сол доштааст, доштааст, иҷозат хост ва дуо гирифт.

 

Эшони Нуриддинҷонки 65 сол дорадфарзанди калонии Эшони Тӯраҷон ва бародари қозии собиқимусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мебошадЭшони Нуриддинҷон баъдидаргузашти падараш роҳбарии муридони ӯ азшохаи ҷаҳрияи тариқати Нақшбандияи аҳли Сӯфияро ба дасти худ гирифт.

Бародари ӯ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки 64 сол дорад, дар даврони Шӯравӣ ибтидо дар мадрасаи Бухорову сипас дар Донишкадаи исломии Тошканд ва ниҳоятан дар Урдун таҳсил кард ва соли 1988, дар синни 34-солагӣ қозии мусалмонони Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар поёни соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1998 дар Эрон паноҳ бурд. Ӯ бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин муовини сарвазири Тоҷикистон интихоб шуд ва то соли 2006 дар ин мақом кор карда, баъдан то соли 2010 вакили Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Тӯраҷонзодаҳо,ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Тоҷикистон карда будандбаъди бозгашташон дар зодгоҳи худ–деҳаи Туркобод (ҳоло–Ваҳдатобод)-и Ваҳдат масҷиди мӯҳташамеро бо номи  масҷиди "Муҳаммадия” сохтандки ба маҳзи маъвизаҳои Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон ба яке аз пуртарафторин масоҷиди Тоҷикистон табдилёфт ва ҳар рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон барои адои намози ҷамоат ва шунидани маъвизаҳои навбатии Тӯраҷонзодаҳо садҳо километр роҳро тай карда,ба Туркобод меомаданд.

Аммо дар соли 2012 раиси нави Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода Эшони Нуриддинҷонро ба баргузории маросими бештар ба шиаҳо хоси Ошӯро айбдор кардБа дунболмақомот масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро ба масҷиди панҷвақта табдил додаин рӯҳониёни маъруфро аз ҳаққи имоматӣ ва мавъиза гуфтан маҳрум карданд.

Тӯраҷонзодаҳо талош кардандто аз тариқи додгоҳ мақоми масҷиди ҷомеъро барои масҷидашон барқарор кунандвале ин талошҳо натиҷае надод.

Дар пасманзари саркӯбҳои ахири рӯҳониён дар Тоҷикистон Тӯраҷонзодаҳо амалан дар ҳошия қарор дода шудаанд ва дар зодгоҳи худ Ваҳдатобод ба сар бурда, дигар тақрибан дар ҳеҷ ҷое мавъиза намекунандҲарчӣ дар Интернет чоп мешавадасосан аз суханрониҳои чанд сол пеши ин рӯҳониёни машҳур аст.

Бори охир исми бародарон Тӯраҷонзодаҳо моҳи октябри соли 2017, вақте расонаӣ шудки ЭшониНуриддинҷонҲоҷӣ Акбар ва Эшони Маҳмудҷон барои фотиҳахонаӣ ба ноҳияи Данғара ба манзилиНуриддин Раҳмон - бародари марҳуми президент Эмомалӣ Раҳмон рафтанд. Як сол пеш ҳамчунин хабарҳое расида буд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз дарди пой азият мекашад ва барои табобат ҳатто як муддат ба Эрон рафтааст.

Дар видеои ахир низ дида мешавад, ки Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода низ аз дарди пой азоб мекашад. Вақти хестан аз аёдати он зани солхӯрда Эшони Нуриддинҷон бо кумаки яке аз муридонаш аз ҷой баланд шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон