ҚАТЛИ ҶИЯНИ РАИСИ СОБИҚИ МАСТЧОҲ (4 AKC)

Шаби 4 январ дар ҷараёни як муноқишаи хунин байни ду оилаи Алланазаровҳо ва Усмоновҳо дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Муродамир Ҳайдарови 34-сола, хоҳарзодаи раиси собиқи ин ноҳия Сайидҳаким Боқиев кушта шуд. Аз Муродамир се фарзанди хурдсол ятим монд. Кӯдаки дусолаи ӯ Мударрис ҳар рӯз падарашро суроғ мекунад. Шабнам, ҳамсари Муродамир мегӯяд, кӯдакро ҳар рӯз гӯл мезананд, ки падараш ба масҷид ё ба мағоза рафтааст, ки ҳамин ҳоло аз дар медарояд. Шабнам мегӯяд, шавҳараш як марди Худотарс буд ва 20 дақиқа пеш аз кушта шуданаш намози хуфтанро хонда, ба кӯча баромад. Бо пои худ рафту аз кӯча мурдаашро оварданд...

 

Куштори ҷияни раис дар хонаи ҳамсоя

Ҳайдаров Муродамири 34-сола, хоҳарзодаи собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ Боқиев Сайидҳакимро дар ҷараёни як муноқиша ҳамсояҳояш куштанд. Ин ҳодиса 04.01.2019 дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчоҳ дар заминаи баҳсу ҷанҷоли ду ҳамсоя рух дод.

Бино ба гуфти Сайидҳаким Боқиев, баҳсу хусумати оилаҳои Алланазаровҳо ва Усмоновҳо солҳо боз идома дошт ва билохира рӯзи 4 январ ба хунрезию куштори як ҷавонмарди бегоноҳ расонид:

- Тағо ба ҳукми падар аст мегӯянд. Муродамир барои ман дар сафи як писаронам буд. Ӯро ба боодобу худотарс ва намозхону меҳнатдӯст буданаш зиёд дӯст медоштам. Ҳамон рӯзи наҳс ҳам раҳматӣ хостааст ду оилаи мушу пишакро, ки ташнаи хуни ҳамдигар буданд сулҳ андозад. Соати ҳаштуними шаб дар наздикии майдони варзишии деҳа бародарон Алланазаровҳо ва Усмоновҳо ҷангу хархаша мекунанд. Мувофиқи гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ин ду оила, ки гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба ҳам меҷангиданд, аввал каме ҷанг мекунанду бо халос кардани атрофиён ҷудо мешаванд. Вале яке аз аъзои оилаи Усмоновҳо Ниёз Алланазаровро дашном мекунад, ки оташи қаҳру ғазабаш дубора баланд мешавад ва аз хонааш, ки дар наздикии ҷои ҳодиса аст, корди хоҷагиро оварда ба кордкашӣ сар мекунад. Ӯ аввал Усмонов Сиёвушро мезанад, ки бо зарби се корд захмӣ шуда аз пой меафтад. Ин ҳодисаи хунинро дида, ҷиянам, ки тануманд буд, барои халоскунӣ шитофтаст. Зеро ҳарду оила дар баробари ҳамсоягӣ хешу табор низ ҳастанд,” - мегӯяд Сайидҳаким Боқиев.

Шавҳарам 20 дақиқа пеш аз маргашон намозашонро хонда буд

Ҳамсари Муродамир - Шабнам имрӯз бо се фарзандаш танҳо мондааст. Ӯ мегӯяд: Ятимӣ мерос шуд барои фарзандонам. Зеро 25 сол пеш падарам нопадид шуданд ва мо баъди солҳо интизорӣ кашидан умеди зинда буданашонро накарда, ба кӯчаи ятимӣ пой монда будем. 2 сол пеш модарам вафот кард. Ятими кулл мондам ва шавҳарам бароям ҳам модар, ҳам падар ва ҳам ҳамсар буд. Раҳматии шавҳарам, ки писари амакам низ буд, мани ятимро зери қаноти худ гирифта, ҳимоя мекард. Вале барои халос кардани ду оилаи хунташна се фарзанди худро ятиму мани танҳоро боз ҳам танҳотар кард.

Марди худотарсе буд, доимо намозашонро канда накарда мехонданд. Буду шуд аз ҳисоби деҳқонӣ рӯз гузаронем ҳам, баракати зиндагиямонро Худо дода буд. Бекамбуду танқисӣ зиндагиро пеш мебурдем. Чунон марди хубе буданд, ки фарзандонам аз ман дида, бештар ба падарашон меҳр доштанд. Кӯдаки дусолаам - Мударрис, ки бе падар хобаш намебурд, ба забони кӯдаконааш доимо падарашро суроғ мекунад. Ба ӯ барои болу параш нашикастан "падарат ба масҷид рафтааст, падарат ба мағоза рафтааст...” гуфта, дурӯғ мегӯем. Вале ҳар гоҳ савол диҳад, дили решгаштаам рештар мешавад. 10 сол ҳамроҳ зистем, шукри Худо, як бор гапи сахт нагуфта буд, як бор мисли баъзе аз мардҳо ба сари ман даст набардошта буд. Вале чӣ чора? Аҷал дасти гулчин доштаасту аз зиндагӣ танҳо гулҳоро мечидааст...

Бисёр марди худотарс буд, ҳатто 20 дақиқа пеш аз маргашон низ намози хуфтанро хонда буд. Мурод ном дошт, вале тамоми орзуву муроди шавҳарам ба номуродӣ, ба барбодӣ рафт. Имсол дар сари сол гуфта буд, ки Худо хоста бошад, додарам ки аз Русия омад, барояш як мошин мехарам ва тавонам, модарамро ба зиёрати хонаи Худо мебарам. То модару падарам ҳастанд, барои адо кардани қарзи фарзандиям содиқона хизматашонро мекунам, барои додару хоҳарам мекунам, баъд барои худамон. Ман низ ифтихор мекардам ки чунин шавҳарам бомеҳру вафодор дорам.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хабари расмии ВКД

Содир гардидани ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Рӯзӣ 3-юми январи соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, Алиназаров Ниёзмаҳмад Сангинович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолати мастӣ ба мағозаи «Пайрав», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки ҳамин ноҳия даромада, аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати шаҳрвандон: Ҳайдаров Мурод Амирбегович, соли таваллудаш 1985 ва Усмонов Муҳаммадҷон Абдуллобекович, соли таваллудаш 1988, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, суханҳои қабеҳ гуфта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.

Баъдан, онҳо аз мағоза баромада, ба саҳни МТМУ №28-и деҳаи мазкур рафта, Алиназаров Н.С. бо ҳамроҳии ҷиянаш, Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадӣ, соли таваллудаш 1991, нисбати Усмонов М.А. дашномҳои қабеҳ гуфтаанд, ки шаҳрванд Усмонов М.А., Алиназарзода Абдувосит Зиёмуҳаммадиро лату кӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Баъдан, Алиназарзода А.З. ба хонааш рафта, бо ҳамроҳии амакаш Алиназаров Абдулқудус Сангинович, соли таваллудаш 1985, корди хоҷагиро гирифта, ба кӯча баромада, дар назди даромадгоҳи беморхонаи деҳаи Табушн бо Сиёвуши Абдуллобеки Усмониён, соли таваллудаш 1988, вохӯрда, байни онҳо ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст.
Шаҳрванд Алиназаров А.С. бо корд ба пушти сар, тарафи рости гардан ва қафаси сина аз тарафи рости Сиёвуши А.У. зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Инчунин Алиназаров А.С. аз беэҳтиётӣ, бо корд ба қафаси синаи Ҳайдаров М.А., ки дар рафти ҷанҷол ҳузур дошта, тарафҳои ҷанҷолкунандаро халос мекард, задааст.
Дар натиҷа, Ҳайдаров М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати Алиназаров А.С. бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиназарзода А.З. бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиназаров Н.С. ва Усмонов М.А. бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


 

 

Аввал ҷангандозҳоро ҷазо диҳанд!

Аммаи марҳум Ашӯрбибӣ Исоматова мегӯяд: Дар мардуми мо мақоле ҳаст: Аз ғавғо не, аз ғавғоангез тарс. Дар марги ҷавонимарги ҷиянам танҳо оилаи Усмоновҳо ё Алланазаровҳо айбдор нестанд. Сарамро бо дидани неку бади ин деҳа сафед кардаам. Хуб медонам, ки дар баробари ду оилаи ҷанҷолӣ дасти сеюм низ ҳаст дар ин ҳодисаи сартопо ҷиноят. Ҷиянам ба 34 қадам монду боре дили як хешу таборро наозурда буд. Чунон бо меҳр "аммаҷон” мегуфт, ки беъзеҳо модарашонро чунин меҳрубонона хитоб намекунанд.

Барои ҳамин ҳам аз мақомот ва ҳам аз ҳар нафари неку бадро медониста хоҳиш мекунам, ки аввал ҷангандоз ҷазо бинаду баъд кордзан!

Гулнигор: дар байни 9 фарзанд ҷои Муродамир дигар буд

-Мо дар оила 9 фарзанд будем: 5 писар ва 4 духтар. Ин суханро ман не, балки тамоми мардуми деҳа низ мегӯянд, ки байни ҳамаи мо ҷойи Муродҷон дигар буд. Одаму одамгарияш низ аз замин то ба осмон фарқ мекард. Танам ки сердард аст, тез-тез дар беморхона бистарӣ мешавам, вале ҳамарӯза то дами ҷавоб шуданам додарам дар таги дари беморхона буд. Барои бегуноҳ мурданаш, барои то дами марг як пашшаро озор надоданаш, барои модар падар ва додару хоҳарро азиз доштанаш дар марги ӯ дили санг об шуд. 6 рӯз аст лахти ҷигарам сӯхтааст ва ба ғайр аз дар ҳасрату фироқи додараки ормониям ашк рехтан дасту дилам ба коре намеравад, - мегӯяд хоҳарбузурги марҳум Исмоилова Гулнигор.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

То Президент шикоят мекунам, агар....

Ҳамон шаби ҳодиса як хешамон омад. Ман нав ба бистари хоб даромада будам, ки маро бедор кард. "Ҳа, чӣ гап аст дар ин вақти шаб?”- пурсидам аз ӯ.Вале нагуфт, ки писарам алакай фавтидааст. Танҳо гуфт: Муродамир ҷанг карда ба беморхона афтодаст, барои ҳамин як бор то наздаш равем, хуб мешуд... Дилам гувоҳӣ дод ки ҳодиса ҷиддӣ аст ва кор аз кор гузаштагӣ. Вагарна дар ин вақти шаб маро омада намебарданд. То таги дари беморхона Худоро зоракунон рафтам, ки ба ман сабр диҳад. Вақте ба он ҷо рафтем, хабари марги фарзандамро шунида, ҷон аз қолабам дур шуд. Охир марҳум ҷигарпораи ман аст! Ман падар ҳастам ва диламро, дардамро ва сқханҳоямро танҳо худам ва Худои ман медонаду бас. Фарзанди бегонаро ҷанг халос мекунам гуфта, қурбонии фалокату касофати ду оила шуд. Аслан оилаи Алланазаровҳо ҳар сол бо ягон оилаи дигар ҷангу адоваташон буд. Вале бо оилаи Усмоновҳо оташги ҷангашон ҳеҷ хомӯш нашуд. Шояд баъди сари писари маро хӯрдан бас кунанд? Агар гунаҳгорон, ки 7 нафар дар пеши қонун ҳама як ба як ҷавоб надиҳанд, то Пешвои миллат арзамро мебарам, - бо сӯз мегӯяд падари марҳум - Амирбек Ҳайдаров.

Чаро нафари се корд задаро ёфтанду як корд задаро не?

Амирбек Ҳайдаров дар марги писараш бародарон Алишер, Анӯшервонва Султон Тутиевҳоро низ гунаҳкор медонад ва изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро онҳо то ҳол дар озодианд? Падари Муродамир Ҳайдаров мегӯяд, то ҳол қотили аслии писарашро низ муайян накардаанд: Барои тафтишот як кордро бурдаанд, ки обро пай намекунад. Вале бовар дорам, ки писарам аз он корд не, аз зарби дигар корд фавтидааст. Зеро корд чунон чуқур рафта буд, ки шикамро даронида, гурдаро ду пора кардааст. Дигар ин ки кормандони тибб ва экспиртизаи судӣ-тиббӣ низ он кордро дигар аст мегӯянд. Барои ҳамин мо танҳо ба қонун ва тафтишоти шаффоф умедворем. То ҳол маро як савол азоб медиҳад: -Чаро нафари се кордзадаро ёфтанду як корд задаро не? Чаро то ҳол онеро, ки писарамро кушт, наёфтаанд?

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон