ДАРГУЗАШТИ САБОҲАТ ҲАСАНОВА ДАР СИННИ 88

Сабоҳат Ҳасанова бо домодаш Қобилҷон Зарипов. Акс аз сомонаи http://tajikistantimes.com

Сабоҳат Ҳасанова, яке аз нахустин занҳои роҳбар дар ноҳияи Айнӣ ва хушдомани овозхони шинохта Қобилҷон Зарипов, рӯзи 9 январ дар синни 88 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи Сабоҳат Ҳасановаро баъди намози пешин дар оромгоҳи деҳаи Варзи Манор ба хок супурданд. Аз ин зани нуронӣ 7 фарзанд, 22 набера ва 5 абера боқӣ монд. Сабоҳат Ҳасанова яке аз зумраи аввалин занҳои зодаи ноҳияи Айнӣ аст, ки дар мактаби олӣ таҳсил карда, дар мақомҳои роҳбарӣ - аз ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Айнӣ то мудири маорифу раиси кумитаи занони ноҳия фаъолият кардааст.

Сабоҳат Ҳасанова 8 феврали соли 1931 дар ноҳияи Заҳматобод (ҳоло – ноҳияи Айнӣ) ба дунё омадааст. Сабоҳат Ҳасанова аз аввалин духтарҳои зодаи ноҳияи Айнӣ буд, ки дар мактаби олӣ таҳсил кард. Ӯ соли 1949 баъди хатми мактаби миёна ба риштаи забон ва адабиёти институти занонаи шаҳри Хуҷанд дохила шуда, то соли 1951 онҷо таҳсил кардааст. Соли 1952 ба донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба шуъбаи ғоибонадохил гардида бо мувафақият онро хатм намудааст.

Соли 1953 мудири шуъбаи маданияти ноҳия ва аз марти соли 1959 аввал ба ҳайси мудири кобинети методӣ ва баъд мудири шуъбаи маорифи ноҳия адои вазифа кардааст.

Пас аз ин солҳои 1959 1960 ҷонишини раиси комияроияи ноҳия ва декабри соли 1960 котиби дуюми комитети партиявии ноҳия таъйин шудааст.

Соли 1963 бинобар дохил гардидани ноҳияи Айнӣ ба ҳайати ноҳияи Панҷакент бо сабабҳои оилавӣ дар ноҳияи Айнӣ боқӣ мемонад, аз соли 1964 то соли 1986 дар мақоми мудири мактаби №1 ноҳия кор кард.

Аз соли 1986 то соли 2002 мушовири маркази корҳои тарбиявиро ба зимма доштааст.

9 январ соли 2019 қабли ин модари тарбиятгар ва ғамхору меҳрубон аз тапидан бозмонд.

Сабоҳат Ҳасанова барои хизматҳои шоёнаш ба як чанд мукофоту ифтихорномаҳо, аз ҷумла бо унвони "Аълочии маорифи халқ”, "Собиқадори меҳнат” ва ИфтихорномаиРаёсати Шӯрои олии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон