ПАРВАНДАИ “МИЛЛАТЧИГӢ”-И ҲОҶИБОЕВ ВА МАХСУМ: БА ТОҶИКИСТОН ДОДАНИ БУХОРО, САМАРҚАНД ВА СУРХОНДАРЁРО ТАЛАБ КАРДАНД...”

Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев

"...Ҳоҷибоюф, Махсум миллатчигӣ карда, талаб карданд, ки Бухоро, Сурхон-Дарё, Самарқанд ба Тоҷикистон дода шавад. Агарчи дар ин шаҳрҳо 5-6 хоҷагии тоҷикон мавҷуд бошанд, лекин боқимондаи онҳо миллати ӯзбак мебошанд, ки Фирқаи коммунистии Ӯзбакистон дар он ҷо ба забони онҳо мактаб кушода дод, маданияти онҳоро тараққӣ дод... аз номи фраксияи сессияи КИМ ҶШС Тоҷикистон таклиф мекунам, ки Махсум аз раисии Комитаи иҷроияи марказии СССР ва Ҳоҷибоюф аз аъзогии Комитаи иҷроияи марказии СССР гирифта шавад. Рафиқон Махсум ва Ҳоҷибоюф натавонистанд, ки сиёсати миллии лениниро ба ҷой оваранд, балки онҳо ба гирдоби миллатчигӣ ғарқ шуда, ҳамеша тарафдори миллатчиёни аксулинқилобии буржуазӣ, кулакон ва Ҷузбой барин одамҳо буданд...

Аз нутқи раиси Комиссияи контроли марказии ПК(б) Тоҷикистон, Комиссари халқии инспексияи
коргару деҳқон раф. Абдуллоюф

Адиби тоҷик Ҳабиб Саид матни суханронии "рафиқ Абдуллоюф” ном як мансабдори баландпояи ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар як ҷаласаи соли 1934-ро нашр кардааст. Дар ин ҷаласа тақдири Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум – ду тан аз асосгузорони Тоҷикистон баррасӣ мешуд. Ҳардуро барои онки ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани Бухоро, Самарқанд ва Сурхондарёро талаб мекарданд, аз мансаб барканор карданд. Соли 1937 Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсумро дар айни авҷи таъқиботи сталинӣ ба Маскав бурда, парронданд.

 

Ин "рафиқ Абдуллоюф” дар суханрониаш мегӯяд, Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум "миллатчигӣ” нишон дода, аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон додани Бухорову Самарқанд ва Сурхондарёро талаб мекарданд. Ба ақидаи "рафиқ Абдуллоюф”, "агарчи дар ин шаҳрҳо 5-6 хоҷагии тоҷикон мавҷуд бошанд, лекин боқимондаи онҳо миллати ӯзбак мебошанд, ки Фирқаи коммунистии Ӯзбакистон дар он ҷо ба забони онҳо мактаб кушода дод, маданияти онҳоро тараққӣ дод.

 

Гардиши чархи гардунро бубинед, ки имрӯз аз Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев – ду қурбонии таъқиботи сталинӣ барои хидматҳояшон дар роҳи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қаҳрамонони миллӣ ёдоварӣ мекунанд, вале касе ин "рафиқ Абдуллоюф”-ро, ки ин ду қаҳрамонро бешармона аз минбар сиёҳ мекард, дар ёд надорад.

Омӯзиши ин воқеиятҳои таърих бахусус дар шароити имрӯзи Тоҷикистон, ки ба мавҷи нави таъқиботи монанд ба таъқиботи даврони НКВД рӯбарӯ шуда ва дигарбора бӯи соли 1937 мекунад, аҳамияти бештаре пайдо кардааст. Иштибоҳҳои таърихро набояд такрор кард...

Хабиб Саид

Бознашр аз Фейсбук

 ...Ҳоҷибоюф, Махсум миллатчигӣ карда, талаб карданд, ки Бухоро, Сурхон-Дарё, Самарқанд ба Тоҷикистон дода шавад. Агарчи дар ин шаҳрҳо 5-6 хоҷагии тоҷикон мавҷуд бошанд, лекин боқимондаи онҳо миллати ӯзбак мебошанд, ки Фирқаи коммунистии Ӯзбакистон дар он ҷо ба забони онҳо мактаб кушода дод, маданияти онҳоро тараққӣ дод.

Ҳоҷибоюф ва Махсумро фирқа бисёр тарбия кард, онҳоро заҳматкашони Тоҷикистон иззат мекарданд, лекин онҳо бовари фирқа ва заҳматкашони Тоҷикистонро ба ҷой оварда натавонистанд. Онҳо дар ин хусус сиёсати миллии лениниро вайрон карданд.
Ман аз номи сексияи Комитаи иҷроияи марказӣ таклиф мекунам, ки Ҳоҷибоюф аз раисии Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон ва Махсум аз раисии КИМ ҶШС Тоҷикистон тамоман гирифта шаванд ва аз номи фраксияи сессияи КИМ ҶШС Тоҷикистон таклиф мекунам, ки Махсум аз раисии Комитаи иҷроияи марказии СССР ва Ҳоҷибоюф аз аъзогии Комитаи иҷроияи марказии СССР гирифта шавад...

ДАР БОРАИ РАФИҚОН ҲОҶИБОЕВ ВА МАХСУМ*
Маърӯзаи раиси Комиссияи контроли марказии
ПК(б) Тоҷикистон, Комиссари халқии инспексияи
коргару деҳқон раф. Абдуллоюф

Рафиқон! Пеш аз он ки ман дар хусуси қарори Комитаи иҷроияи марказӣ дар хусуси рафиқон Ҳоҷибоюф ва Махсум гап занам, ба ман лозим шудааст, ки дар бораи муваффақиятҳои мамлакати Тоҷикистон, ки дар як муддати кӯтоҳ ба даст оварда шудааст, сухан ронам.
Ба худи шумоҳо маълум аст ва худи шумоҳо шоҳид ҳастетон, ки Тоҷикистон пеш аз ин дар вақте ки дар зери асорати подшоҳи рус ва амир буд, ба чи аҳвол буда ва ҳозир чигуна аст. Амири Бухоро, ки дар зери мустамликаи подшоҳи рус буда, ба васеъ шудани хоҷагиҳо аҳамияте намедод.
Мо мебинем, ки пеш аз Инқилоби ӯктобир ҳамагӣ дар Тоҷикистон 1,5 фоизи халқ босавод шуданд, ки инҳо ҳам аз табақаҳои бойҳо, аз мансабдорони амир ва рӯҳониён буданд. Камбағалон ҳеч имконияте надоштанд, ки писарҳои худро ба мактабҳо диҳанд ва бо ҳамин онҳо тамоман бесавод буда ва ба торикӣ монда буданд. Инқилоби ӯктобир подшоҳи рус ва амиронро нест карда ва ҳукумати шӯроро барпо намуд. Ҳукумати шӯро беҳуқуқии заҳматкашони Тоҷикистонро нест намуд.
Бо роҳбарии фирқаи коммунистӣ, бо ёрмандии пролетариёти тамоми иттифоқ Тоҷикистон дар майдони маориф муваффақияти зиёд ба даст овард. Ин муваффақияти зиёде, ки мову шумо ба даст овардаем, бе мубориза набуд, ин мубориза бо душманони синфӣ хоҳ дар дохили иттифоқ ва хоҳ аз хориҷа бурда шуд.
Ин муборизае, ки дар даврони сохтмони хоҷагӣ гузаронида шудааст, дар ин мубориза дар атрофи ҳукумати шӯро деҳқонон ҷалб карда шудаанд.
Мо дар давоми ин мубориза ва дар давоми ба вуҷуд овардани сиёсати миллии ленинӣ ба чунон натиҷаҳо мо дар қисмати саноат соҳиб шудем, ки дар бораи ҳамаи онҳо ман мухтасар гап мезанам.
Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки дар Тоҷикистон ҳеч гуна саноатеро дидан мумкин набуд. Ҳозир мо мебинем, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ҷумҳурияти саноатӣ шуда мондааст: Кони тиллои Қаро-Мазор, сохтмони Вахш, сохтмони Варзоб ва ғ. 14 стансияҳои электрикӣ дар район тайёр шудааст, ки аз ин 14 район бо чароғи электрикӣ равшан мешаванд. Ин роҳи Харангон то ба тайёр кардани иморатҳои шаҳр осонӣ мекунад, зеро ки тамоми материалҳои бинокорӣ, хишт, чӯб, ки барои иморатҳо лозиманд, мо метавонем, ки бе ҳеч гуна душвориҳо аз ин роҳ кашонем. Ба ҷуз ин мо дар як вақт заводи консерв тайёркунӣ дар Хуҷанд, фабрикаи абрешимчигӣ дар Хуҷанд ва Сталинобод, осиё дар Янги-Бозор, заводи равған дар Кӯлоб, дар чанд районҳои дигар заводҳои пахта сохтем.
Албатта ҳамаи ин саноатҳо муфт сохта нашудаанд, ба ҳамаи онҳо маблағи бисёр сарф шудааст. Маълум аст, ки ин саноатҳоро мо бе ёрмандии пролетариёти иттифоқ сохта наметавонистем.
Бо роҳбарии фирқаи коммунистӣ мо тавонистем, ки инҳоро созем...
...Магар Махсум ва Ҳоҷибоюф ин масъалаҳоро намедонистанд? Албатта медонистанд. Дар бисёр районҳо онҳо ба хубӣ медонистанд, ки ин тартиб корҳо ба вуҷуд омада истодааст. Шубҳа нест, ки ин корҳо бо ёрмандии онҳо бошад, балки ҳамаи инҳоро худи онҳо карда бошанд.
Мо, рафиқон, дар давраи иҷтимоӣ, ки сохтмони сотсиалистии мо пеш меравад, Ҳоҷибоюф ва Нусратуллоҳ Махсум ба ҷои он ки ба муқобили душманони синфӣ мубориза баранд, баръакс онҳо бо кулакон ва боён аз аввал то ба охир алоқаи худро мустаҳкам мекарданд, вале бо деҳқонони камбағалу миёнаҳол алоқаи ҷиддӣ намекарданд.
Онҳо, ки бо кулакон ва боён алоқа дошта ва ҳамеша тарафдори онҳо буданд, деҳқонони камбағалу миёнаҳол наметавонистанд, ки каллаи худро боло гиранд. Ҳоҷибоюф ва Махсум дар баъзе ҷойҳо кулакҳоро аз ҳуҷуми колхозчиён муҳофизат мекунанд. Раиси Шӯрои комиссарони халқ Ҳоҷибоюф ба Арал меояд ва амр медиҳад, ки монетон, кулакчиён ба колхозҳо кор кунанд. Зеро ки онҳо кор карданро нағз медонанд. Дар вақте ки деҳқонҳо ба муқобили 25 хоҷагии кулакҳо ҳуҷум карданӣ мешаванд, ин амрро аз раиси Шӯрои комиссарони халқ фаҳмида, ба вай бовар карда, аз ҳуҷум кардан худро дур медоранд.
...Ҳоҷибоюф дар соли 1930 20 нафар босмачӣ ва бойҳоро аз ҳабсхона озод карда буд, ки оқибат онҳо бо Иброҳим-бек қатӣ шуда, ба муқобили ҳукумати шӯро мубориза бурдаанд.
...Дар соли 1932 аз Балҷувон гурӯҳи деҳқонон ба пеши Ҳоҷибоюф омада, аз болои Шаҳобидддинуф шикоят мекунанд, ки вай камбағал будани моро ба назар нагирифта, ба мо аз ҳад зиёда налог мемонад ва мо қувват надорем, ки инро диҳем, бинобар ин дар пеши шумо арз кардан омадем. Ӯ мепурсад, ки шумо дар вақти пеш бек доштед? Онҳо гуфтанд, ки бале, доштем. Ҳоҷибоюф мегӯяд, ки ҳамин Шаҳобидддинуф ҳозир ҳам дар болои сари шумо бек ҳаст ва дарҳол Шаҳобидддинуф дар болои сари онҳо бек шуда истодааст.
Дар райони Ӯро-Теппа Мирзоев ном одаме буд, ки вай ба воситаи шаҳодатномаи дасти худ ҳамеша кулакҳоро тарафдорӣ мекард. Вай кулакҳоро ба деҳқонони камбағалу миёнаҳол муқаррар карда ва деҳқонони камбағалу миёнаҳолро ба кулакӣ муқаррар кардааст.
Дар райони Шаҳристон аҳвол аз ин беҳтар нест. Ҳоҷибоюф ва Махсум усуле доштанд, ки такягоҳи онҳо кулакон ва боён буданд.
Шумо медидед, ки Иброҳим-бек дар болои сари деҳқонон ва камбағалони Тоҷикистон ҳуҷум карда буд. Барои ба муқобили вай мубориза бурдан Ҳоҷибоюф эътибор накард, ки ҷавобҳои ҷангӣ дода, ба муқобили Иброҳим-бек онҳоро ба мубориза баранд. Вай мегуфт, ки ба деҳқонон эътиборӣ кардан мумкин нест, онҳо ҷанг карда наметавонанд.
Фирқаи коммунистии Тоҷикистон дар ин бора ба Ҳоҷибоюф зарбаи қатъӣ дода буд. Ҳоҷибоюф мегуфт, ки мо бояд сабабҳои ҷангиро ба Ҷузбой ва Абдулазиз диҳем, зеро онҳо метавонанд, ки ба мубориза баромада ва Иброҳим-бекро маҳв кунанд. Рафиқон, Иброҳим-бекро на Xузбой ва Абдулазиз метавонанд, ки маҳв кунанд, вайро фақат метавонанд, ки камбағалон ва деҳқонон маҳв кунанд, вайро метавонад раф. Турдиёров маҳв кунад, ки имрӯз ӯ ба муовинии раисии Комитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон аз Лақай-Тоҷик интихоб шуда, кор карда истодааст.
Деҳқонон шабҳо бо босмачиён мубориза карда ва рӯзҳо киштукори баҳорӣ мекарданд ва фақат онҳо тавонистанд, ки Иброҳим-бекро нест кунанд. Деҳқонони миёнаҳолу камбағал фаҳмиданд, ки Иброҳим-бек чи шудааст ва роҳи фирқа чи аст. Ҳоҷибоюф, Махсум мегуфтанд, ки Ҷузбой ва Абдулазиз дар пеши мардуми Лақай-Тоҷик иззати калон доранд. Оқибат маълум шуд, ки Ҷузбой ҳукумати шӯроро фиреб дода, вай роҳи худро дар ин ҷо гузаронид.
Труддивизияе, ки Ҳоҷибоюф дар Балҷувон ташкил дода буд, Комитаи марказии фирқаи Тоҷикистонро фиреб дода буд, ки ман инро ба тартиби ихтиёрӣ ташкил кардаам, дар оқибат маълум гардид, ки вай инро бо зӯрӣ ташкил карда будааст.
Онҳо ҳамеша тарафдори Муҳиддинуф буданд, ки дар охир маълум шуд, ки Муҳиддинуф чи будааст, агарчи вай ба мо пеш ҳам маълум буд, лекин кирдори вай ба мо маълум набуд.
Махсум сардори ҳукумати Тоҷикистон шуда, дар пеши вай як нафар комсомол омада гуфт, ки дар колхози мо кулаке ҳаст, ки вай колхозро вайрон карда истодааст, аз шумо мепурсам, ки ӯро аз ин ҷо гиред. Махсум вайро дашном дода, аз пеши худ ҳай мекунад ва дар маҷлис баромада, ин кулакро ошкор ва муҳофизат мекунад...
Ҳоҷибоюф, Махсум миллатчигӣ карда, талаб карданд, ки Бухоро, Сурхон-Дарё, Самарқанд ба Тоҷикистон дода шавад. Агарчи дар ин шаҳрҳо 5-6 хоҷагии тоҷикон мавҷуд бошанд, лекин боқимондаи онҳо миллати ӯзбак мебошанд, ки Фирқаи коммунистии Ӯзбакистон дар он ҷо ба забони онҳо мактаб кушода дод, маданияти онҳоро тараққӣ дод.
Ҳоҷибоюф ва Махсумро фирқа бисёр тарбия кард, онҳоро заҳматкашони Тоҷикистон иззат мекарданд, лекин онҳо бовари фирқа ва заҳматкашони Тоҷикистонро ба ҷой оварда натавонистанд. Онҳо дар ин хусус сиёсати миллии лениниро вайрон карданд.
Ман аз номи сексияи Комитаи иҷроияи марказӣ таклиф мекунам, ки Ҳоҷибоюф аз раисии Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон ва Махсум аз раисии КИМ ҶШС Тоҷикистон тамоман гирифта шаванд ва аз номи фраксияи сессияи КИМ ҶШС Тоҷикистон таклиф мекунам, ки Махсум аз раисии Комитаи иҷроияи марказии СССР ва Ҳоҷибоюф аз аъзогии Комитаи иҷроияи марказии СССР гирифта шавад.
Рафиқон Махсум ва Ҳоҷибоюф натавонистанд, ки сиёсати миллии лениниро ба ҷой оваранд, балки онҳо ба гирдоби миллатчигӣ ғарқ шуда, ҳамеша тарафдори миллатчиёни аксулинқилобии буржуазӣ, кулакон ва Ҷузбой барин одамҳо буданд. Мо роҳи васеъ дорем, ки колхозчиён ва деҳқонони камбағалу миёнаҳолро аз дасти Ҷузбой ва дигар хел кулакҳо ва бойҳо, ки ба колхоз халал расонида ва заҳматкашонро дар зери дасти худ мегиранд, озод кунем.
Рафиқон, мо бояд дар ин постҳо ҳамчунон болшевикҳоро интихоб кунем, ки онҳо дар ҳақиқат бо кулакон, бойҳо ва миллатчиёни аксулинқилобӣ мубориза баранд ва дар ҳақиқат ба колхозҳо ва ба деҳқонони камбағалу миёнаҳол ёрӣ расонида ва аҳволи онҳоро беҳтар кунанд /чапакзаниҳои дурудароз/.

*Дар бораи рафиқон Ҳоҷибоев ва Махсум – маърӯзаи раиси Комиссияи назорати марказии ҲК(б) Тоҷ., комиссари халқи инспексияи коргару деҳқон Абдуллоев: ЦГА РТ, ф. №Р-11, оп. 3, ед. хр. 342.

1934

АБДУРАҲИМ ҲОҶИБОЕВ:
ОСОР ВА ПАЙКОР

Асноди бойгонӣ ва матбуот, пажӯҳиш,
мусоҳиба, ёддошт ва феҳрастҳо бахшида ба
110-солагии нахустин раиси Шӯрои
нозирони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳияи матн, таҳқиқ, тавзеҳот ва таълиқоти
Бароат Ҳоҷибоева, Матлубаи Мирзоюнус,
Субҳони Аъзамзод

Хуҷанд: Ношир, 2010.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон