РАҚАМИ МОШИН ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ИВАЗ МЕШАВАД?

Вақтҳои охир дар байни мардум овозаҳое паҳн шудаанд, ки ба ҷои шумораҳои чоррақама шумораҳои серақама барои мошинҳо "эҷод” кардаанд ва ба зудӣ соҳибони мошинҳо бояд рақамҳои худро аз нав иваз кунанд. Ин дар ҳолест ки ҳамагӣ як сол пеш ҳама 420 сомонӣ супурда, рақамҳои нав гирифта буданд. БДА ба зудӣ ба фурӯш баровардани шумораҳои серақамаро тасдиқ кард, вале гуфт, шумораҳои серақама низ ҳифз хоҳанд шуд. "Норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ”-ро БДА сабаби ба фурӯш баровардани рақамҳои нав номидааст.

Бинобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи илова ба СТ ҶТ 1020-2013 «Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт», «Намуд ва андозаи асосӣ», ва «Талаботи техникӣ»-ро таҳия намуда, пешниҳод кардааст.

Айни замон дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирии давлатии намуди «1А» (чоррақама), ки пештар дода мешуд, дода шуда истодааст. Рақамҳои қайди давлатии намуди нав ҳоло ҷорӣ нашудаанд.
Новобаста дар оянда ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди «1А/1», (серақама) эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон