МУҶОЗОТИ 213 КОРМАНДИ ТИБ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар соли 2018 дар вилояти Суғд ба зидди 16 корманди муассисаҳои тиббӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 197 корманди тибро ба ҷавобгарии интизомӣ ё маъмурӣ кашидаанд. Додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ҷаласаи ҷамъбастии додситонӣ гуфт, ин табибонро барои камбудиҳое, чун иҷро накардани вазифа ҳангоми ташхису табобати беморон, сӯиистифода аз мақом, гирифтани пора ва малакаи пасти касбӣ ба ҷавобгарӣ кашондаанд.

 

Нисбати 16 корманди тиб парванда оғоз шудааст

Давоми як сол 197 нафар кормандони соҳаи тиб дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд. Ин нуктаро Прокуратураи вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратураоид ба ҷамъбати солонаи соли 2018 зикр кард.

Бино ба гуфти додситон, ин шумораи командони тандурустӣ бинобар сабаби камбудиҳои мухталиф, аз ҷумла салоҳияти пасти касбӣ, иҷро накардани ўҳдадориҳои вазифавӣ ҳангоми ташхис ва табобат, сӯиистифода аз вазифа, гирифтани пора ва аъмоли дигар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

"Инчунин нисбати 16 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст,” - афзуд Воҳидов.

Фавти Боқиева мудири шӯъбаро аз вазифа озод кард

Хунукназарии табиби амрози занонаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Сулаймонова Г ва мудири шӯъбаи якҷоягии модору кӯдаки таваллудхонаи мазкур Абдуллоева З боиси марги модарии Боқиева С гашт. Ин "қаҳрамонӣ”-и мудири шуъба дар натиҷаи санҷишу таҳлилҳои масъулини Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ошкор шудааст.

Ё дигар ҳолати ба ин монанд, ки хунукназарӣ ба пастшавии дараҷа расонид, дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шуда, нисбати 7 нафар кормандони тибби ноҳия чораандешӣ карда шуд.

Тибқи талаботи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.02.2016с., №69 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қоидаҳо оид ба тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон”ба комиссияи аттестатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи паст намудани дараҷанокии касбии 7 нафар духтурон баррасӣ шуд.

Тибқи ин фармоишРозиқов С. - сартабиби МСД Оббурдон, Қосимов М. - табиби тибби оилавӣ Шодиева М. - табиби амрози занона МСД Оббурдон ва Норова О. - мудири хонаи саломатии Ю. Вафо, Саидова М. - мудири шуъбаи якҷоягии модару кудак, Маҳкамова М. - табиби амрози занонаи шуъбаи мазкур ва Азимова Д. - табиби амрози занонаи Таваллудхонаи вилояти Суғд як дараҷа паст карда шуд.

 

Ҷавобгарӣ барои хунукназарӣ 5 соли паси панҷара аст

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2018 парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ҷазо ба табибон барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ сангинтар шуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода зимни суханронӣ назди вакилон изҳор намуд, ки тибқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ), ҷазо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби кормандони тиббӣ сахттар мешавад.

"Барои муносибати хунукназарона ва бепарвоёна нисбати беморон, ки ба расонидани зарар ба солимии онҳо боис мегардад, табибон метавонанд ба муҳлати то 8 сол (айни замон 5 сол) аз озодӣ маҳрум шаванд”, - қайд карда буд вазир.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазир, кормандони тиббӣ, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, ки ба бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон боис мегардад, метавонанд ба муҳлати то 10 сол (айни замон то 5 сол) аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Гурдофарид

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон