ДАР МАРОСИМ ҲАМА МАРДУМ НАВОРБАР ШУДААСТ РАҶАБМОҲ ВА СЕ КӮДАКАШ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

  • 07.01.2019, 12:06,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 7 683
  • 0

Нашрияи "СССР” як видео аз маросими видоъ бо Раҷабмоҳ Исоева ва се кӯдакаш дар деҳаи Малик Гиёеви ноҳияи Кӯшониёнро нашр кард. Ҷанозаҳои ин 4 муҳоҷири тоҷики шаҳидшударо шаби гузашта аз Русия оварда, рӯзи 7 январ дар Кӯшониён ба хок супурданд. Падари ин тифлони ғӯррамарг Шӯҳрат Улфатов дар бемористони шаҳри Челябинск дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошта, ҳанӯз хабар надорад, ки ҳам ҳамсар ва ҳам ҳарсе фарзандаш аз олам чашм пӯшидаанд.

Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзандаш – Аҳмади шашсола, Фотимаи чорсола ва Саймуҳсиддини сесоларо рӯзи 7 январ дар деҳаи Малик Гиёеви ноҳияи Кӯшониён ба хок месупоранд. Онҳо субҳи барвақти 31 декабр дар айни хоб бар асари фурӯ рафтани бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон