расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Насрин Сутуда муввақатан аз зиндон озод шудааст

. / Ҷаҳон

Насрин Сутуда муввақатан аз зиндон озод шудааст

Насрин Сутуда, фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон

Насрин Сутуда, фаъоли ҳуқуқи башар, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Эрон зиндонӣ буд, муввақатан аз зиндон озод шудааст.
Озодии ӯ дар пасманзари ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалӣ ба амал омад, ки аз вазъи саломатии ӯ пас аз шаш ҳафтаи гуруснанишинӣ нигарон буданд.
Ӯ рӯзи 11-уми август дар зиндони Эвини Теҳрон гуруснанишнӣ эълон кард ва гуфт, ки маҳбусони сиёсӣ дар Эрон бо хатари гирифтор шудан ба вируси корона рӯ ба рӯ ҳастанд.
Вайро ба хотири вазъи бади саломатӣ 19-уми сентябр ба шифохона бурданд, вале чаҳор рӯз баъд дубора дар зиндон ҷой карданд, ки ин амал вокунишҳои ҷиддиро дар пай дошт.
Хонум Сутуда дар моҳи июни соли 2018 дар хонааш боздошт шуд. Ӯ ба иттиҳоми ҷосусӣ ва дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ, ки дар байни онҳо занони норозӣ аз ҳиҷоби маҷбурӣ ҳам ҳастанд, ба беш аз 38 сол ҳабс ва 148 шаллоқ маҳкум шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.