ЗУЛАЙХО ВА МАҲИНА: КӢ КИРО ФИРЕБ ДОД? (ВИДЕО)

Маҳина Алиева ва Зулайхо Мамадшоева

Маҳина Алиева ва Тоир Зоҳирпур, ташкилкунандагон консерти шаби 27 декабри Зулайхо Мамадшоева дар шаҳри Маскав мегӯянд, ки онҳо 200 ҳазор рубл пули Зулайхоро пурра пардохт карданд, вале овозхон аз ними консерт фирор кард. Зулайхо барои пул бо Маҳина Алиева ҷанҷол ва ҳатто мӯканӣ ҳам кардааст. Аммо Зулайхо Мамадшоева мегӯяд, ки консерти ӯ дар тарабхонаи "Асаки”-и Маскав маҳз бо айби ташкилкунандагон вайрон шуд. Зулайхо ташкилкунандагонро айбдор кард, ки фақат 80 фоизи пулашро додаанд.

Тавре сомонаи "Ахбор” қаблан хабар дод, шаби 27 декабр консерти овозхони ҷавони тоҷик Зулайхо Мамадшоева дар тарабхонаи "Асаки”-и шаҳри Маскав бо ҷанҷол анҷом ёфт. Зулайхо ба ҷои соати 20 соати 21:40, қариб бо ду соат таъхир ба саҳна баромад ва ҳамагӣ ду навбат – 40-дақиқагӣ – ҳунарнамоӣ карда, тарабхонаро тарк кард. Ба дунбол, ташкилкунандаи консерт Маҳина Алиева микрофонро ба даст гирифта, эълон кард, ки Зулайхо мухлисонашро фиреб дода, гурехта рафт. Блогери тоҷик бо номи Шайх низ дар Инстаграм Зулайхоро айбдор кард, ки мухлисонашро ба истилоҳ "кидать” кардааст.

Рӯзи 28 декабр Зулайхо Мамадшоева дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки консерти шаби 27 декабраш дар Маскав маҳз ба айби ташкилкунандагон ва Шайх ном блогер дучори "мушкил” шуд. Ӯ менависад, гуруҳаш бо харҷи зиёд аз Тоҷикистон то Маскав расид, вале ташкилкунандагон танҳо 80 фоизи пули онҳоро ва он ҳам бо машаққат пардохт кардааст. Зулайхо Шайхро ба он айбдор кард, ки дар ҳолати мастӣ дар консерти шаби 27 декабр нисбат ба ӯву гуруҳи эҷодиаш беадабӣ ва ӯро таҳдиду тавҳин кардааст. "Аз мухлисони азизу гиромӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар ин қазия аз ман ва аҳли эҷод гиламанд нашаванд. Тамоми қазия аз фиребгарӣ, найрангбозӣ, дурӯғгӯӣ ва номардии ташкилкунандагони консерт ва Шайх аст,” – навиштааст Зулайхо Мамадшоева.

Аммо Маҳина Алиева ва Тоир Зоҳирпур, ташкилкунандагони консерти Зулайхо дар тарабхонаи "Асаки” дар мусоҳиба бо сомонаи "Ахбор” айбро ба гардани худи овозхон бор карданд ва гуфтанд, пули ӯро пурра пардохт кардаанд, вале Зулайхо ҳам ташкилкунандагони консерт ва ҳам мухлисонашро фиреб дод.

Маҳина Алиева мегӯяд: "Мо аз тарафи худ тамоми шартҳои қарордодро иҷро кардем. Тибқи маслиҳат, мо бояд ба Зулайхо 200 ҳазор рубл медодем. Як бор 500 доллар ва як бор 700 доллар ба Душанбе фиристодем ва 130 ҳазор рубли боқимондаро қабл аз консерт додем. Ман танҳо 30 ҳазор рублро пеши худ нигоҳ дошта будам, ки баъди консерт ба ӯ медиҳам, чунки чандин нафар моро огоҳ карда буд, ки агар Зулайхо тамоми пулро пешакӣ бигирад, дуруст ҳунарнамоӣ намекунад, ҳаромкорӣ мекунад. Вале Зулайхо исрор кард, ки тамоми пулро бидиҳем пешакӣ ва мо маҷбур шудем, ки пулро бидиҳем. Дар охир, маълум шуд, ки фиреб хӯрдем. Бо фонограмма чанд суруд хонду аз дари қафо (черный ход)-и тарабхона бо аъзои гуруҳаш гурехта рафт. 150 мухлисе, ки барои ҳунарнамоии Зулайхо ҳар кадомаш 3 ҳазор рубл дода буд, ҳама фиреб хӯрданд.”

Тоир Зоҳирпур мегӯяд, ки Зулайхо барои пул шуда, бо Маҳина Алиева ҳатто рӯканиву мӯканӣ кард:"Маҳина 30 ҳазор рублро ҷудо монд, ки баъди консерт медиҳем. Вале Зулайхо таҳдид кард, ки агар пулро надиҳем, ҳунарнамоӣ намекунад, баромада меравад. Ӯ бо Маҳина ҳатто занозанӣ ва мӯканӣ кард, ман худам ҳардуи онҳоро халос кардам. Зулайхо ваъда дод, ки пулро бидиҳед ва ман то саҳар барои мухлисонам суруд мехонам. Мо пулро пурра додем, вале ӯ бо фонограмма ҳамагӣ чанд суруд хонду халос.”

Ба гуфтаи Маҳина Алиева, як сабаби баҳси Зулайхо бар сари ин буд, ки пулашро бо доллар бидиҳем: "Талаб кард, ки доллар карда диҳед, вале ман гуфтам, ки қарордоди мо бо рубл буд ва маблағаш ҳам 200 ҳазор рубл. Шояд афтодани қурби рубл нисбат ба доллар ӯро чунин асабонӣ карда буд, вале ҳатто қурби рубл афтода бошад ҳам, фарқаш шояд ҳамагӣ 5 ё 10 ҳазор доллар шавад. Магар шарт буд, ки барои манфиати шахсиаш ин қадар мухлисонашро ноумед гардонад? Занҳоеро медонам, ки дар бозори Люблино кор мекунанд ва ба хотири тамошои консерти Зулайхо 3 ҳазор рубл пули чиптаро қарз карда буданд.”

Маҳина Алиева мегӯяд, аз ин консерт фоидае ба даст наовард, балки 1500 доллар зарар дид: "300 ҳазор пули толорро додам, 200 ҳазор – ҳаққи Зулайхо ва боз соҳибони тарабхона чанд ҳисобро оварданд, ки муштариҳо пардохт нокарда, рафтаанд. Вале ман аз инки худам зарар дидам, парво надорам, дилам ба мухлисон месӯзад, ки фиреб хӯрданд.”

Маҳина Алиева иддаоҳо дар бораи фиреб додани Садриддин Наҷмиддинро ҳам рад кард ва гуфт, ҳеҷ гоҳ консерти Садриддинро ташкил накардааст. Худи Садриддини Наҷмиддин низ дар Инстаграм инро тасдиқ кард ва навишт, Маҳина танҳо барандаи консерти ӯ буд.

Аммо Зулайхо Мамадшоева дар саҳифааш дар Инстаграм ташкилкунандагонро дар вайрон шудани консерти шаби 27 декабр айбдор кард, ки "аз иҷроиши талаботи қарордод даст кашида, ҳайати эҷодии моро хеле дар ғурбат саргардон карданд. Оқибат бо кумаки зумрае аз дӯстон ва кормандони консулгариву сафоратамон 80 % маблағи маслиҳатшударо бо талошу машаққат гирифтем, аммо пурра не. Ман бо ин ҳол ду маротиба дар назди мухлисони азизам баромад кардам. Маҳз эҳтироми мухлисон водорам сохт, ки баромад кунам, вагарна бо ин найранги ташилкунандагони консерт ҳеҷ касе аз гуруҳи эҷодӣ розӣнабуд, то саҳна барояд. Дар масъалаи пул инро гуфтаниям, ки он танҳо харҷи сафари дутарафа ва сарфи будубошашонро дар Маскав рӯпӯш мекарду халос. Яъне, маблағе нест, ки барои гуфтанаш ва ноҷавонмардона напардохтанаш овоз баланд кунанд.

 

 

 

Зулайхо Мамадшоева 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, мактаби рақами якро дар Фархор хатм кардааст. Модари ӯ, бино ба тарҷумаи ҳолаш, раққоса буд ва Зулайхо ҳам, ки фарзанди калонӣ буд, аз хурдӣ орзуи ҳунарнамоӣ дар саҳнаи эстрадаро дар дил мепарварид.

Зулайхо мухлиси садо ва тарзи иҷрои овозхони шинохта Манижаи Давлат буд ва шогирди мактаби ӯ шуд. Аксари оҳангҳои таронаҳои Зулайхо Мамадшоеваро Манижаи Давлат навиштааст.

Зулайхо бори аввал рӯзи 9 сентябри соли 2011, дар 18-солагиаш дар ҷашни бахшида ба 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон бо таронаи "Ватан” дар саҳнаи бузург ҳунарнамоӣ кард. Ҳамон сол нахустин албоми таронаҳои ӯ бо номи "Кабӯтар” нашр шуд ва исми Зулайхоро дар саҳнаи эстрадаи тоҷик шинохта кард.

Таронаи "Мамнунам”-и Зулайхо Мамадшоева пуртарафдортарин таронаи тоҷикии солҳои охир дониста мешавад. Ин таронаро танҳо дар канали "Тамошоу” дар Ютуб то имрӯз 18 миллион нафар тамошо кардаанд, ки дар байни овозхонҳои тоҷик бесобиқа аст.

P.S. Вақте ки ин гузориш омода мешуд, хабар омад, ки блогер Шайх таҳти фишори мақомоти Душанбе видеояш дар масъалаи ҷанҷоли Зулайхоро аз Инстаграм бардоштааст. Аз Шайх ҳатто талаб шудааст, ки аз Зулайхо расман узр бихоҳад. Садриддини Наҷмиддин низ матлабаш ба ҳимоят аз Маҳина Алиеваро аз саҳифаи худ гирифтааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Ҷонмаҳмадзода, ҳунарманди тоҷики муқими Маскав хабар дод, ки консерти дуюми Зулайхо шоми 29 декабр Маркази фарҳанги тотор дар пойтахти Русия дар сатҳи олӣ гузаштааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон