ХОҲИШ...

Ҳеҷ боре барои ҳеҷ мушкилие аз касе (шукронаи Аллоҳ) хоҳише накарда будам! Вале ҳоло мехоҳам аз раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Акрамзода Рустам, як хоҳиши инсонӣ намоям! Хоҳишам аз раиси ноҳияи Рӯдакӣ ҳамин аст, ки ба ин оила, ҳади ақал се сотих замини ҷудо карда бидиҳанд!

Ин оила дар ҷамоати деҳоти «Қиблаӣ» зиндагӣ мекунанд! Ду кӯдаки маъюби aз пои равон маҳруму бистарӣ ва дорои касали рӯҳӣ доранд(((( Ба аксҳо аҳамият диҳед, дасти ин кӯдакон латапеч аст! Модарашон мегӯяд, чун бемории равонӣ доранд, агар дасташонро латапеч накунанд, дасташонро газида пора мекунанд(((( Падари хонавода (сантехник аст) мегӯяд, ҳамеша бо доруву дармон фарзандонаш табобати шабонарӯзӣ мешаванд(((( Ва бо вуҷуди камбағалӣ тамоми маблағи бо сад машақат ҷамъ кардаашро барои дорувор масраф мекунад! Хона ҳам надоранду ин мард бо кӯдакони маъюбаш дар хонаи хушдоман зиндагонӣ доранд! Барои хонаву замин маблағ ҳам надоранд, чун дар табобати ин кӯдакон пули зиёд масраф мешавад((((

Чаро ин дафъа на аз мардуми хайрхоҳ, балки аз роҳбарияти ноҳия хоҳиши кӯмак кардам?.... Шукронаи Аллоҳ, ин бегоҳ бо дӯсту ҳамкорам, як бонуи хайрхоҳ, аз ин хонавода хабар гирифтем! Ҳамкорам барои ин оила 1000$ (ҳудуди 10 000 сомонӣ) хайр карданд! Ҳоло агар нафароне ин паёмро ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ расонанду он кас бо як қарорашон ин хонаводаро соҳиби се сотих замин кунад, онҳо метавонанд бо ун 1000$ долар як кулбае бисозанду соҳиби сарпаноҳе гарданд!

Агар нафароне ҳам кӯмаке карда метавонанд, ин рақами мобилӣ падари ин кӯдакон аст, 90 001 6815 (номашро ба ростӣ напурсидам)! Вале зиёд мехоҳам раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Акрамзода Рустам ба ин оилаи, воқеан дар мушкилӣ буда кӯмак намоянд! То онҳо соҳиби кулбае гарданду кӯдакони маъюбашон соҳиби сарпаноҳеву аз мушкилии бехонагӣ раҳо ёбанд....

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон