расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ОВОЗХОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ҚАЙСИ АЗИЗ АЗ МО РАФТ: АЗ КОРОНАВИРУС РАҲИДУ ДАР ХОБАШ ҶОН ДОД... (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

ОВОЗХОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ҚАЙСИ АЗИЗ АЗ МО РАФТ: АЗ КОРОНАВИРУС РАҲИДУ ДАР ХОБАШ ҶОН ДОД... (ВИДЕО)


Қайси Азиз, овозхони шинохтаи тоҷик, яке аз намояндагони насли аввали гуруҳҳои овозадори "Анис” ва "Мунис” шоми 8 ноябр, тақрибан соатҳои 20 дар синни 62 аз олам чашм пӯшид.
Абӯбакри Азиз, бародари Қайси Азиз, дар як суҳбати кӯтоҳ ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Имрӯз Қайси ширинамонро аз даст додем. Чанд вақт бемории коронавирус аз пой афканда буд Қайсро. Вале аз он бемории маргбор наҷот ёфт ва ҳамин дирӯз дида будамаш, солиму бардам буд. Имрӯз нимаи дуюми рӯз хобаш бурдааст ва дар хобаш ҷон додааст.”
Қайси Азиз соли 1958 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ яке аз саромадони гуруҳҳои машҳури "Анис” ва "Мунис” буд, ки бародарон Азизовҳо таъсис дода буданд. "Анис” ва "Мунис” дар солҳои 80 ва 90 аз овозадортарин гуруҳҳои эстрадаи тоҷик ба шумор мерафтанд. Дар солҳои 2000-ум фарзандони Азизовҳо ба саҳнаи эстрада омаданд ва чанд нафари онҳо, ба вижа Остони Азиз ва Шаҳроми Абӯбакр дар радифи ситораҳои раддаи аввали эстрадаи муосири тоҷик қарор гирифтанд.
Қайси Азиз солҳои охир аз эстрада канор рафта, бештар таронаҳои халқӣ ва орифона мехонд.
 



Қайси


Азиз инак дуюмин нафар аз бародарон Азизовҳо – асосгузорони гуруҳҳои овозадори "Анис” ва "Мунис” аст, ки тарки дунё ин дунё мекунанд. Бародараш Зулфиқори Азиз, ки аз Қайси Азиз 6 сол хурд буд, 10 сол қабл – 6 майи соли 2010 – дар синни 44 аз бемории қалб даргузашт. Зулфиқори Азиз гӯё марги худро аз қабл медонист, ки чанде пеш аз даргузашташ таронаи вопасинашро бо номи "Касе мурдан намехоҳад” суруда буд: 
Аҷиб аст зиндагӣ ёрон, Дар ин дунёи пурармон.
Даме,ки пур шавад паймон, Касе мурдан намехоҳад.
Агар аз аҳли Қуръон аст, Ва ё ки номусулмон аст.
Ва ё дарвешу султон аст, Касе мурдан намехоҳад.
Чӣ нӯшину чӣ талхи ҷон, Чӣ дардеву чӣ бедармон.
Чӣ асроре бигӯй аз он, Касе мурдан намехоҳад.
На як оқил,на майхона, На дорову на бечора.
На маскуну на овора, Касе мурдан намехоҳад.
Ба даргоҳи Худовандӣ Касе рафтан намехоҳад.
Зи аҳли бандаи хокӣ, Касе мурдан намехоҳад.
Ба нуру нор пайвастан, Аз ин вайрона ворастан,
Чӣ ҷое гуфта бигристан, Касе мурдан намехоҳад....



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.