Ҷӯрабек Муродов 76 - сола шуд

Ӯ мегӯяд танҳо дар фикри эҷод аст.

Бахшида ба зодрӯзи Ҷӯрабек Муродов имрӯз дар шаҳри Хуҷанд барномаи консертии ансамбли “Нури Хуҷанд” баргузор мегардад ва дар он сурудҳои эҷодкардаи ин ҳунарманди шинохта садо медиҳанд.

Ин субҳ вақте мо ба Ҷӯрабек Муродов занг зада, ӯро бо ҷашни мавлудаш табрик кардем, вақташ хеле танг буд, чун нафарони зиёд аз дохилу хориҷ ӯро шодбош мегуфтанд. Аммо новобаста ба ин, имкон пайдо карда, бо мо суҳбат намуд ва иброз дошт, ки то рӯзе ҷон дар тан дорад эҷод менамояд ва ба халқ хизмат мекунад.

- Эҷод ва хизмат ба халқ рисолати ман аст. Ният дорам, ки баҳори соли оянда барномаи махсуси ҳунариамро пешкаши мухлисон намоям,-гуфт Ҷӯрабек Муродов.

Ҷӯрабек Муродов аз машҳуртарин ҳунармандони тоҷик аст, ки хеле ҷавон, ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳратёр гардида буд. Сурудҳои ӯ дар қаламрави ин империя бузург ва ҳатто берун аз он садо медоданд ва мухлисони зиёд доштанд. Пас аз Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ шудан Ҷӯрабек Муродов бо машҳуртарин сарояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ Муслим Магомаев, Алла Пугачева, Иосиф Кобзон ошно гардид ва ҳамкориҳои эҷодӣ дошт. Барномаҳои консертии онҳо аз сертамошобинтарин ва сердаромадтарин барномаҳо ба ҳисоб мерафтанд.

Имрӯз чеҳраҳои шинохтаи санъати ҷаҳонӣ истеъдоду ҳунари волои ӯро эътироф кардаву бо Ҷӯрабек Муродов ҳамкории эҷодӣ ва риштаи дӯстӣ доранд. Аз ҷумла, яке аз машҳуртарин сарояндаҳои ҷаҳон Хулио Иглесиаси испанӣ ҳар гоҳ Ҷӯрабек Муродовро ба маҳфилҳои эҷодии худ даъват карда, бо ӯ дӯстӣ дорад ва ҳамкорӣ менамояд.

Ҷӯрабек Муродовро дар Ӯзбекистон то ҳол ҳамчун сарояндаи мардумии худ мешиносанд. Дӯстии ӯ бо ҳунарпешаи шинохтаи ин кишвар Шералӣ Ҷӯраев шуҳрати ӯро байни сокинони ин кишвар боз ҳам бештар намудааст. Имрӯз ҳам ин ду сарояндаи машҳур бо ҳам робитаи зичи дӯстӣ доранд ва ҳар гоҳ дар маҳфилҳои эҷодии ҳамдигар иштирок ва сурудхонӣ менамоянд. Сурудҳои якҷо сурудаи онҳо ба маънои томаш тараннумгари робитаи дӯстонаи ин ду миллат ҳисобида мешавад.

Ҷӯрабек Муродовро инчунин, дар давлатҳои ҳамзабони Афғонистону Эрон низ гӯш мекунанд ва ба барномаҳои фарҳангӣ даъват менамоянд.

Ҳарчанд солҳои охир Ҷӯрабек Муродов камтар суруд эҷод менамояд, аммо ҳар як суруди сароидаи ӯ дар шабакаҳои интернетӣ миллионҳо маротиба тамошо карда мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон