расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » НУҚРА РАҲМАТОВА ШАВҲАРАШРО АЗ ДАСТ ДОД

. / Ҷомеа

НУҚРА РАҲМАТОВА ШАВҲАРАШРО АЗ ДАСТ ДОД

Бахталӣ Сабзалиев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик дар синни 87-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузаштааст. Маҳина Сабзалиева, духтари ҳунарманд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки падараш санаи 16-уми октябр дар ҳалқаи хонавода вафот кардааст. 
Сабзалиев зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ буда, соли 1958 Донишгоҳи театрии ба номи М.Шепкини шаҳри Маскавро хатм кардаву қариб тамоми умр дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Тамошобинон Сабзалиевро аз нақши Жанд дар намоишномаи “Рустаму Сӯҳроб”-и Ғанӣ Абдулло ва аз нақши Балъамӣ дар намоишномаи “Рӯдакӣ”-и Сотим Улуғзода мешиносанд. Ҳамчунин, ҳунарманд дар филмҳои “Ман бо духтаре вохӯрдам” ва “Ливои оҳангар” нақш офаридааст. Нуқра Раҳматова, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва ҳамсари Бахталӣ Сабзалиев дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки бо шавҳараш бори аввал дар рафти наворбардории филми “Ливои оҳангар” шинос шуда, баъдан оила барпо кардаанд. Ин ҷуфти ҳунарманд се фарзанд доранд, ки ҳамаи онҳо дур аз санъат, банди касбу корҳои гуногунанд. Нуқра Раҳматова низ зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ буда, 78 сол дорад. Дар чанд моҳи охир театру синамои тоҷик чандин ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Хайрӣ Назарова, Мавлуда Обидова, Исо Абдурашидов, Саврӣ Сабзалиева ва Аҳмадшоҳ Улфатшоевро аз даст дод, ки дар ҳақиқат талафоти бузург мебошад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/nura-ramatova-shavarashro-az-dast-dod

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.