расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 10)

. / Ҷомеа

БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 10)

Баъд аз марги Талбак Сайёра зиндагии навро оғоз кард. Дар хонаи Талбак истиқомат карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҳар гуна кор машғул мешуд. Гоҳ ӯ ба адир ба мевағундорӣ мерафту гоҳе дар заминҳои хоҷагӣ хӯшачинӣ мекард. Дар зимистонҳо ба хоҷагӣ ба кор даромада, дар анборҳо ба тоза намудани маҳсулотҳои ғалладонагӣ мепардохт. Бар ивазаш як -ду кило картошка мегирифт. Гоҳ-гоҳ раис ба ӯ ёрдам карда, як сатил-ним сатил гандум медод 
Ҳаёти муҷаррадонаи Сайёра ду сол идома ёфт. Дигар касе ба хостгориаш намеомад. Мардум ӯро зани сархӯр гуфта, ҳеҷ кас ҷуръати ба занӣ гирифтанашро намекард.Дар ҳамин вазъият хонаи Талбак соҳиб пайдо кард, хешу табораш Сайёраро маҷбур карданд, ки хонаро холӣ кунад, аз ин хона баромада равад. Акнун Сайёра боз дар фикри сарпаноҳ шуд. Бояд барои худ ва Фирӯза кулбачае пайдо кунад. Ба ҳамин хотир, аз раиси хоҷагӣ хоҳиш кард, ки аз анборҳои холии хоҷагӣ якеашро муваққатан барои истиқомат ба ӯ диҳад. Раис розӣ шуд. Хоҳиши Сайёраро рад накард. Аммо баъди ду рӯз раис мардеро гирифта ба хонаи Сайёра ба хостгорӣ омад. Ҳар ду дар ҳуҷра нишастанд. Баъд аз он ки Сайёра дастурхон партофту меҳмонҳо як-ду пиёла чой гирифтанд, раис ба берун баромаду ба Сайёра гуфт: -Духтарам, мо барои як кори хайр омадаем. Ин мард аз шаҳри Душанбе. Номаш -Анвар. Ронанда аст. Ба хоҷагӣ тухмӣ овардааст. Ҳамсари вай аз дунё гузаштааст. Гуфтем як аз пешатон гузарем. Агар шумо розӣ шавед, ҳардуятонро оиладор кунем. Сайёра аз шунидани ин сухан сару калобаи худро гум кард. Дигар ибораи шавҳар карданро ҳатто шунидан намехост. Ба қавле, аз шавҳар қимоб шуда буд.   Ӯ акнун аз шавҳар кардан метарсид. Метарсид, ки мабодо дигараш ҳам хислатҳои Талбакро дошта бошад. Раис ба таърифу тавсиф гузашт. Ронандаро аз ҳад беш дар назди Сайёра таъриф кард. Хислатҳои хуби ӯро ба забон овард. Ғайр аз ин, Сайёраро маслиҳат дод: -Духтарам, рад накун, ба шавҳар баро. То кай дар дашту адирҳо хӯша мечиниву мева меғундорӣ. Боз хона ҳам надорӣ. Ман ку як анборро ба тартиб дароварда ба ту медиҳам, лекин ту то кай он ҷо мемонӣ? Як вақт не як вақт туро аз он ҷо пеш мекунанд, баъд ба куҷо меравӣ? Раис оқибат Сайёраро ба ронанда барои ба шавҳар баромадан розӣ кунонд ва ҳамон шаб мулло оварда онҳоро никоҳ карду дуо дод. Ронанда Сайёраву Фирӯзаро ба шаҳри Душанбе бурд. Зиндагиашон он ҷо идома ёфт… Сайёра бо ронанда зиндагӣ мекард. Ронанда- Анвар аз Талбак каме фарқ дошт. Сайёраро ранҷу азоб диҳад ҳам, ба андозаи Талбак азоб намедод. Он қадар меҳрубонияш ҳам намекард. Ба ҳар ҳол Сайёра андак осуда мезист. Аммо Фирӯза не. Рӯзи ӯ сангин мегузашт. Ин шавҳари модараш ба Фирӯза маъқул набуд. Зеро Анвар ҳар рӯз ҳар баҳонаро пеш оварда, Фирӯзаро як –ду шаппотӣ мезад. Масалан, агар Фирӯза рӯзе дар рӯзномааш аз кадом фане баҳои се ё чор мегирифт,   Анвар инро баҳона карда, Фирӯзаро сарзаниш мекард. Модарашро ҳам «Мемурӣ духтаратро таълиму тарбия диҳӣ»,- мегуфт. Боз агар хонаву дар норуфта мебуд ва ё хӯрок каме дер омода мегашт, ба сари Сайёраву Фирӯза дӯғ зада, дашному ҳақорат мекард. Дар асл, мақсади Анвар на таълиму тарбияи Фирӯза, балки ба ин баҳона фишор овардан ба Фирӯза буд. Анвар бо ин роҳ Фирӯзаро азоб медод. Гоҳо то нимашабҳо китобро дар дасташ дода, дар кунҷи хона росташ мемонд. Намемонд, ки кӯдак нишаста хонад. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ ҳам Фирӯза ҳуқуқи сари дастурхон нишастан надошт. Чунки Анвар ҳеҷ вақт намехост Фирӯза сари дастурхон бо онҳо якҷоя нишинад, хӯрок хӯрад. Аз ин таҳдидҳои Анвар Фирӯза ҳар дафъа маҷбур мешуд аз дастурхон дуртар, кунҷи хона як коса таъом хӯраду нишинад. Лекин нишастанаш ҳам дер давом намекард. Каме пас Анвар овоз мебаровард: «Чӣ нишастаӣ? Кӯдаки падарлаънат як дарсашро тайёр мекунад, як китоб мехонад, кори хонаро ба иҷро мерасонад. Туро агар ҳеҷ чиз наган, то хобат гирифтан дар ҷоят мешиниву ҳамин ки хобат гирифт, гӯсфанд барин ғалтида мехобӣ». Фирӯза дар ин мавридҳо бо алам падарашро пеши назар меовард. Аз дил мегузаронд, ки агар падараш мебуд, ҳеҷ гоҳ ба ӯ бо ин дуруштӣ сухан намегуфт. Ӯро барои дарстайёркуниаш ин қадар намезад, дар кунҷи девор рост намемонд, аз сари дастурхон пеш намекард. Баръакс, вайро сари зону гирифта, барои донишомӯзияш кӯмак мекард, бо лаҳни ширин мефаҳмонд. Дар ин рӯзҳои пур аз дарду алам Фирӯзаро як дам ёди бӯй, оғӯш, меҳрубониҳо ва ғамхориҳои падар роҳат намегузошт. Ёди падар алами ӯро зиёдтар мекард. Вай рафтору кирдори падарандаронашро бо рафтору одоби Диловар қиёс мекарду ба инсони хубу меҳрубон будани падараш боварӣ мекард. Шабу рӯз бо ёди падар мегиристу аз Худованди таолло талаб мекард, ки падарашро дубора баргардонад, зинда кунад ва соябони сари модару духтар намояд. Гоҳо бо Худо мунозира карда, мегуфт, ки Худованд, чаро падарамро аз мо гирифтӣ, ҳатто падар, ки бӯяшро барои мо дар хона монда буд, ту моро аз он хона берун кардӣ, маро ақаллан назди бӯйи падарам намондӣ. Охир, дигар бӯйи падарам дар ҳеҷ куҷо нест. Танҳо он бӯй дар хонаи худамон буд. Сайёраву Фирӯза то ҳол дар зиндагӣ шахсеро чун Диловар ғамхору сарпарасти меҳрубон пайдо накарда буданд. Сайёра шабе қатраи ашк бо ёди Диловар начаконда намемонд. Фирӯза ҳам ҳамин аҳволро дошт. Дар дилашон ҳеҷ кас ҷойи Диловарро гирифта наметвонист. Ғайр аз ин, ронанда ба Фирӯза дафтару қалам намехарид, сару либоси мактабӣ низ. Модараш ҳам ҷуръат намекард, бобати сару либоси Фирӯза ба Анвар сухан кунад. Як дафъа Сайёра ба ӯ гуфта буду чунин ҷавоб шунид: «Духтар духтари худат. Ман барои сару либоси духтари ту кафил нестам…» Сайёра ду сол зиёдтар бо Анвар зиндагӣ кард. Аз ӯ як духтар ёфт. Шавҳараш номи духтарро Таманно гузошт. Лекин Таманно яксола нашуда, падараш ба садама дучор шуду ҷон аз даст дод. Ана аз ҳамон вақт то ҳанӯз Сайёра дар хонаи иҷораменишастаи «раҳматӣ»-и Анвар истиқомат мекунаду бозорро ихтиёр карда, ин ду кӯдакро бо ранҷу машаққати зиёд мехӯронад…   *** Шом мерасид. Офтоб рӯ ба ғурӯб мениҳод. Нурҳои тиллоиранги он сари қуллаҳои кӯҳҳои осмонбӯс бемадорона ҷилло медоданд. Сояҳои биноҳои баландошёнаву дарахтони қоматороста бо ҳаракати мавзуну чашмнораси худ шаҳрро аз як сар мепӯшонданд: сояи яке дегареро зер карда мегузашт. Боди салқини аз нурҳои офтоб то ин дам панаҳшуда бо суръати ниҳоят паст ва чун ларза ба андом ба фазо сар мебаровард: роҳу кӯчаҳо, байни хонаву дарахтон ва ҳатто сари ҳар як хасу хорро гӯё тарсида-тарсида сила карда мерафт.   Ҳамин тавр, шаҳрро фазои салқинтар фаро гирифта буд.    Аз ин салқинӣ дар роҳу кӯчаҳо мардум ду- ду, се-се ва аз ин зиёдтар пайдо мегаштанд. Дигар назди асбобҳои шамолдиҳакҳои барқӣ ва канори рӯду ҳавзҳо намемонданд. Одамон дар кӯчаву бозорчаҳои маҳаллаҳо ба ҳамдигар бармехӯрданд. Шумораи онҳо лаҳза ба лаҳза зиёдтар мешуд. Равуо авҷ мегирифт. Сайёра пушти рафи бозор меистод. Ба одамони зиёди дар бозорча пайдошуда бештар аҳамият медод. Гӯё онҳоро бесадо, бо чашмони пур аз ғаму андӯҳ ва зери пардаи обмондааш ба сӯи худ даъват мекард, то аз сабзавотҳои ӯ харидорӣ намоянду каме мушкилоташ осон шавад. Аммо на ҳар кас ин даъвати ӯро пай мебурд. Касе ин бегоҳирӯзӣ аз сабзавотҳои вай харидорӣ намекард, аз дигарон мехариданд. Барои он аз кабудиҳои Сайёра харидорӣ намекарданд, ки онҳо пажмурда шуда буданд. Сайёра аз ба савдо нарафтани сабзавотҳояш оташин мешуд. Роҳи ба савдо рафтани онҳоро меҷӯст. Меандешид, ки бояд коре карда сабзавотҳояшро фурӯшад. Ҳамаашонро натавонад ҳам, ақаллан нисфашро савдо кунад. Охир, ин сабзавотҳоро ҳамин бегоҳ фурӯхта натавонад, зарари калон мебинад: маблағи иҷорапулиро пардохт ва саҳар сабзавотҳои тару тоза харидорӣ карда наметавонад.   Боз ин бегоҳ наметавонад барои духтаронаш хӯрока харад… Шаб фаро расид. Сайёра фақат чанд бандча кабудияшро савдо карда тавонисту халос, ки маблағи он ба ду кило картошкаю як килограмм пиёз ва се нони бозорӣ ба зӯр расид. Вай ин маҳсулотҳоро харидорӣ карда, ба хона баргашт. Лекин аллакай фишораш баланд шуда, сараш чарх мезад ва аз ба савдо нарафтани сабзвотҳояш ба ғазаб меомад. Ӯ ба хона расид. Дар иҳотаи фикру хаёлҳо монд. Аз нобарориҳо андӯҳгин шуд. Бо Фирӯзаву Таманно гап намезад. Танҳо буданро мехост. Вай ба ҳуҷра даромада, дарро аз дарун қуфл карда мегиристу дарду аламашро сабук мекард. Фирӯза бошад, ин аҳволи модарро дида ғамгин шуд. Аз дил гузаронд, ки ба модар чӣ ҳодиса рух дода бошад? Ҳамин тавр, модар то рӯз дарро накушод. Чизе ҳам нахӯрд. Бо Фирӯза оид ба имтиҳонаш ҳам маслиҳат накард. Фирӯза ва Таманно дар ҳуҷраи дигар буданд. Фирӯза то қарибиҳои рӯз нахобид. Дар бораи модар меандешид. Падарашро ҳам ба ёд меовард. Гоҳ бо овози паст гиря мекарду гоҳе хомӯш мемонд. Субҳ наздик шуд. Модар дари ҳуҷраро кушод. Фирӯза дар тарақотуруқи вай аз хоб бедор шуд. Дарҳол назди модар омад: -Очаҷон, ту ба куҷо меравӣ? Имрӯз ҳамроҳи ман ба донишгоҳ намеравӣ? Модар бо сари хам ҷавоб дод: -Не, духтарам. Ту худат танҳо рав. Ман бояд илоҷ карда, аз ягон кас кабудӣ қарз биёраму баъди савдо кардан пулашро баргардонам. Ин сабзавотҳо ба фурӯш нарафтанд, зарари калон дидам. Фирӯзаро аз ҳарвақта ба модар зиёдтар раҳмаш омад. Чи тавр дилбардорӣ кардани модарашро надонист. Дигар ёрои ба модар ҳарф гуфтанро ҳам накард. Сайёра наҳорӣ накарда ба бозор рафт. Ӯро Фирӯза гусел намуд… Пардаи сиёҳи шабона аз шаҳр барканор шуд. Нисфи Офтоб аз паси кӯҳҳо баромада, равшаниву гармӣ медод. Мардум аз пайи кору бори худ мешуд... …Фирӯза дар ин субҳи барвақтӣ дар даст дафтар ва қалам сӯи донишгоҳ мерафт. Дар сар ҳамон рӯймоли сурхранги симсимакдори лағжонак ва дар тан куртаи рангаш осмонӣ дошт. Ӯ қадам мемонду   баданашро ҳисси навмедӣ фаро мегирифт. Чунки ба сазовори номи донишҷӯ шуданаш боварӣ надошт. Вай аз худ мепурсид: «Дар имтиҳон бо кадом саволҳо рӯ ба рӯ мешуда бошам? Оё он саволҳоро медонам ё не? Агар саволи мушкиле пеш ояд, ин қадар орзуву ҳавасам бар абас меравад. Ба донишгоҳ дохил намешавам. Мисли модарам ҳаётамро дар бозор мегузаронам. Модарамро аз ин рӯзҳои сахт наҷот дода наметавонам». Ӯ ба саҳни донишгоҳ расид. Ҳама довталабонро бо бародару хоҳар ва ё падару модар медид. Худашро бошад, танҳо. Ӯро касе ҳамроҳӣ ва дилбардорӣ наменамуд. Фирӯза дар саҳни донишгоҳ қадам мемонду ҳиссёти аҷибе фарояш гирифта буд. Нафасаш гӯё намебаромад. Дарунаш «ҳаво» мегирифт, қафаси синнааш вазнин мешуду меҷамид. Дар андак андеша ва ё ба ёд овардани падараш оби дидааш аз чашмонаш мешорид. Аз дарду алам кунҷеро ихтиёр кардаву гиристан мехост. Боз Фирӯзаро қалбаш аз хушҳолие гувоҳӣ медод, ки худ аз худ ашки андӯҳу дардаш ба ашки шодӣ табдил меёфту ба қавле, дилаш суст ва беҳузур мешуд. Оби даҳонаш лаъл мебаст. Ӯ ин ҳолатро бори нахуст дар худ эҳсос менамуд ва ба худ мегуфт: «Эй атаҷон, ту дар куҷоӣ, ки маро имрӯз сахт дар оғӯш бигириву ҳамроҳам дар саҳни донишгоҳ қадам бимонӣ? Ба ман гӯйӣ, ки ғам махӯр, духтарам, ҳатман ба донишгоҳ дохил мешавӣ. Атаҷон, дар ин ҳолатҳо ба ту хеле эҳтиёҷ дорам ва медонам, ки агар шумо дар паҳлуям мешудед, ман худро ин қадар ноҳинҷору нотавон ҳис намекардам, худро мисли гули пажмурда намешумурдам… Кош ин аҳволи маро шумо медидеду ин суханҳои маро мешунидед…». Дар гӯшае аз саҳни донишгоҳ, дар сояи дарахти арча муаллиме дар курсӣ нишаста буду ҳафтаномаеро дар даст дошта мутолиа мекард. Ин муаллим дар тан куртаи сафед ва шиму пойафзолҳои сиёҳ дошт. Галстуки сурхранги вай рӯйи шиками фарбеҳаш овезон. Ӯ аз субҳ, баъди хондани сархате мӯйлабҳои ғафси сиёҳашро бо ангуштонаш мемолиду аз болои айнаки худ ба довталабон нигоҳ макард. Ҳар довталабро якояк аз назар мегузаронд, ҳеҷ довталабе аз назари ӯ дурмонда ба донишгоҳ дохил шуда наметавонист. Вай хеле парешонхотир менамуд. Муаллим ин дафъа сархатеро хонду дарҳол даст бар ҷайб бурда, рӯймолчаашро баровард ва чашмони намнокшудаашро пок карда монд. Аз ин аҳволи муаллим кас гумон мекунад, ки мазмуни мақолае ашки ӯро овардааст. Ё шояд, ба қавле дарду табаш дигар бошад. Баъди пок кардани оби чашмҳояш муаллим аз болои айнаки худ ба довталабон чашм давонд ва вазнин-вазнин нафас гирифт. Ӯ ин дафъа миёни довталабон Фирӯзаро ёфт. Ба сару либоси хоси тоҷикии ӯ чашм давонд, ба ҳар ҳаракаташ аҳа ИДОМААШ Баъд аз марги Талбак Сайёра зиндагии навро оғоз кард. Дар хонаи Талбак истиқомат карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба ҳар гуна кор машғул мешуд. Гоҳ ӯ ба адир ба мевағундорӣ мерафту гоҳе дар заминҳои хоҷагӣ хӯшачинӣ мекард. Дар зимистонҳо ба хоҷагӣ ба кор даромада, дар анборҳо ба тоза намудани маҳсулотҳои ғалладонагӣ мепардохт. Бар ивазаш як -ду кило картошка мегирифт. Гоҳ-гоҳ раис ба ӯ ёрдам карда, як сатил-ним сатил гандум медод.   Ҳаёти муҷаррадонаи Сайёра ду сол идома ёфт. Дигар касе ба хостгориаш намеомад. Мардум ӯро зани сархӯр гуфта, ҳеҷ кас ҷуръати ба занӣ гирифтанашро намекард.Дар ҳамин вазъият хонаи Талбак соҳиб пайдо кард, хешу табораш Сайёраро маҷбур карданд, ки хонаро холӣ кунад, аз ин хона баромада равад. Акнун Сайёра боз дар фикри сарпаноҳ шуд. Бояд барои худ ва Фирӯза кулбачае пайдо кунад. Ба ҳамин хотир, аз раиси хоҷагӣ хоҳиш кард, ки аз анборҳои холии хоҷагӣ якеашро муваққатан барои истиқомат ба ӯ диҳад. Раис розӣ шуд. Хоҳиши Сайёраро рад накард. Аммо баъди ду рӯз раис мардеро гирифта ба хонаи Сайёра ба хостгорӣ омад. Ҳар ду дар ҳуҷра нишастанд. Баъд аз он ки Сайёра дастурхон партофту меҳмонҳо як-ду пиёла чой гирифтанд, раис ба берун баромаду ба Сайёра гуфт: -Духтарам, мо барои як кори хайр омадаем. Ин мард аз шаҳри Душанбе. Номаш -Анвар. Ронанда аст. Ба хоҷагӣ тухмӣ овардааст. Ҳамсари вай аз дунё гузаштааст. Гуфтем як аз пешатон гузарем. Агар шумо розӣ шавед, ҳардуятонро оиладор кунем. Сайёра аз шунидани ин сухан сару калобаи худро гум кард. Дигар ибораи шавҳар карданро ҳатто шунидан намехост. Ба қавле, аз шавҳар қимоб шуда буд.   Ӯ акнун аз шавҳар кардан метарсид. Метарсид, ки мабодо дигараш ҳам хислатҳои Талбакро дошта бошад. Раис ба таърифу тавсиф гузашт. Ронандаро аз ҳад беш дар назди Сайёра таъриф кард. Хислатҳои хуби ӯро ба забон овард. Ғайр аз ин, Сайёраро маслиҳат дод: -Духтарам, рад накун, ба шавҳар баро. То кай дар дашту адирҳо хӯша мечиниву мева меғундорӣ. Боз хона ҳам надорӣ. Ман ку як анборро ба тартиб дароварда ба ту медиҳам, лекин ту то кай он ҷо мемонӣ? Як вақт не як вақт туро аз он ҷо пеш мекунанд, баъд ба куҷо меравӣ? Раис оқибат Сайёраро ба ронанда барои ба шавҳар баромадан розӣ кунонд ва ҳамон шаб мулло оварда онҳоро никоҳ карду дуо дод. Ронанда Сайёраву Фирӯзаро ба шаҳри Душанбе бурд. Зиндагиашон он ҷо идома ёфт… Сайёра бо ронанда зиндагӣ мекард. Ронанда- Анвар аз Талбак каме фарқ дошт. Сайёраро ранҷу азоб диҳад ҳам, ба андозаи Талбак азоб намедод. Он қадар меҳрубонияш ҳам намекард. Ба ҳар ҳол Сайёра андак осуда мезист. Аммо Фирӯза не. Рӯзи ӯ сангин мегузашт. Ин шавҳари модараш ба Фирӯза маъқул набуд. Зеро Анвар ҳар рӯз ҳар баҳонаро пеш оварда, Фирӯзаро як –ду шаппотӣ мезад. Масалан, агар Фирӯза рӯзе дар рӯзномааш аз кадом фане баҳои се ё чор мегирифт,   Анвар инро баҳона карда, Фирӯзаро сарзаниш мекард. Модарашро ҳам «Мемурӣ духтаратро таълиму тарбия диҳӣ»,- мегуфт. Боз агар хонаву дар норуфта мебуд ва ё хӯрок каме дер омода мегашт, ба сари Сайёраву Фирӯза дӯғ зада, дашному ҳақорат мекард. Дар асл, мақсади Анвар на таълиму тарбияи Фирӯза, балки ба ин баҳона фишор овардан ба Фирӯза буд. Анвар бо ин роҳ Фирӯзаро азоб медод. Гоҳо то нимашабҳо китобро дар дасташ дода, дар кунҷи хона росташ мемонд. Намемонд, ки кӯдак нишаста хонад. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ ҳам Фирӯза ҳуқуқи сари дастурхон нишастан надошт. Чунки Анвар ҳеҷ вақт намехост Фирӯза сари дастурхон бо онҳо якҷоя нишинад, хӯрок хӯрад. Аз ин таҳдидҳои Анвар Фирӯза ҳар дафъа маҷбур мешуд аз дастурхон дуртар, кунҷи хона як коса таъом хӯраду нишинад. Лекин нишастанаш ҳам дер давом намекард. Каме пас Анвар овоз мебаровард: «Чӣ нишастаӣ? Кӯдаки падарлаънат як дарсашро тайёр мекунад, як китоб мехонад, кори хонаро ба иҷро мерасонад. Туро агар ҳеҷ чиз наган, то хобат гирифтан дар ҷоят мешиниву ҳамин ки хобат гирифт, гӯсфанд барин ғалтида мехобӣ». Фирӯза дар ин мавридҳо бо алам падарашро пеши назар меовард. Аз дил мегузаронд, ки агар падараш мебуд, ҳеҷ гоҳ ба ӯ бо ин дуруштӣ сухан намегуфт. Ӯро барои дарстайёркуниаш ин қадар намезад, дар кунҷи девор рост намемонд, аз сари дастурхон пеш намекард. Баръакс, вайро сари зону гирифта, барои донишомӯзияш кӯмак мекард, бо лаҳни ширин мефаҳмонд. Дар ин рӯзҳои пур аз дарду алам Фирӯзаро як дам ёди бӯй, оғӯш, меҳрубониҳо ва ғамхориҳои падар роҳат намегузошт. Ёди падар алами ӯро зиёдтар мекард. Вай рафтору кирдори падарандаронашро бо рафтору одоби Диловар қиёс мекарду ба инсони хубу меҳрубон будани падараш боварӣ мекард. Шабу рӯз бо ёди падар мегиристу аз Худованди таолло талаб мекард, ки падарашро дубора баргардонад, зинда кунад ва соябони сари модару духтар намояд. Гоҳо бо Худо мунозира карда, мегуфт, ки Худованд, чаро падарамро аз мо гирифтӣ, ҳатто падар, ки бӯяшро барои мо дар хона монда буд, ту моро аз он хона берун кардӣ, маро ақаллан назди бӯйи падарам намондӣ. Охир, дигар бӯйи падарам дар ҳеҷ куҷо нест. Танҳо он бӯй дар хонаи худамон буд. Сайёраву Фирӯза то ҳол дар зиндагӣ шахсеро чун Диловар ғамхору сарпарасти меҳрубон пайдо накарда буданд. Сайёра шабе қатраи ашк бо ёди Диловар начаконда намемонд. Фирӯза ҳам ҳамин аҳволро дошт. Дар дилашон ҳеҷ кас ҷойи Диловарро гирифта наметвонист. Ғайр аз ин, ронанда ба Фирӯза дафтару қалам намехарид, сару либоси мактабӣ низ. Модараш ҳам ҷуръат намекард, бобати сару либоси Фирӯза ба Анвар сухан кунад. Як дафъа Сайёра ба ӯ гуфта буду чунин ҷавоб шунид: «Духтар духтари худат. Ман барои сару либоси духтари ту кафил нестам…» Сайёра ду сол зиёдтар бо Анвар зиндагӣ кард. Аз ӯ як духтар ёфт. Шавҳараш номи духтарро Таманно гузошт. Лекин Таманно яксола нашуда, падараш ба садама дучор шуду ҷон аз даст дод. Ана аз ҳамон вақт то ҳанӯз Сайёра дар хонаи иҷораменишастаи «раҳматӣ»-и Анвар истиқомат мекунаду бозорро ихтиёр карда, ин ду кӯдакро бо ранҷу машаққати зиёд мехӯронад…   *** Шом мерасид. Офтоб рӯ ба ғурӯб мениҳод. Нурҳои тиллоиранги он сари қуллаҳои кӯҳҳои осмонбӯс бемадорона ҷилло медоданд. Сояҳои биноҳои баландошёнаву дарахтони қоматороста бо ҳаракати мавзуну чашмнораси худ шаҳрро аз як сар мепӯшонданд: сояи яке дегареро зер карда мегузашт. Боди салқини аз нурҳои офтоб то ин дам панаҳшуда бо суръати ниҳоят паст ва чун ларза ба андом ба фазо сар мебаровард: роҳу кӯчаҳо, байни хонаву дарахтон ва ҳатто сари ҳар як хасу хорро гӯё тарсида-тарсида сила карда мерафт.   Ҳамин тавр, шаҳрро фазои салқинтар фаро гирифта буд.    Аз ин салқинӣ дар роҳу кӯчаҳо мардум ду- ду, се-се ва аз ин зиёдтар пайдо мегаштанд. Дигар назди асбобҳои шамолдиҳакҳои барқӣ ва канори рӯду ҳавзҳо намемонданд. Одамон дар кӯчаву бозорчаҳои маҳаллаҳо ба ҳамдигар бармехӯрданд. Шумораи онҳо лаҳза ба лаҳза зиёдтар мешуд. Равуо авҷ мегирифт. Сайёра пушти рафи бозор меистод. Ба одамони зиёди дар бозорча пайдошуда бештар аҳамият медод. Гӯё онҳоро бесадо, бо чашмони пур аз ғаму андӯҳ ва зери пардаи обмондааш ба сӯи худ даъват мекард, то аз сабзавотҳои ӯ харидорӣ намоянду каме мушкилоташ осон шавад. Аммо на ҳар кас ин даъвати ӯро пай мебурд. Касе ин бегоҳирӯзӣ аз сабзавотҳои вай харидорӣ намекард, аз дигарон мехариданд. Барои он аз кабудиҳои Сайёра харидорӣ намекарданд, ки онҳо пажмурда шуда буданд. Сайёра аз ба савдо нарафтани сабзавотҳояш оташин мешуд. Роҳи ба савдо рафтани онҳоро меҷӯст. Меандешид, ки бояд коре карда сабзавотҳояшро фурӯшад. Ҳамаашонро натавонад ҳам, ақаллан нисфашро савдо кунад. Охир, ин сабзавотҳоро ҳамин бегоҳ фурӯхта натавонад, зарари калон мебинад: маблағи иҷорапулиро пардохт ва саҳар сабзавотҳои тару тоза харидорӣ карда наметавонад.   Боз ин бегоҳ наметавонад барои духтаронаш хӯрока харад… Шаб фаро расид. Сайёра фақат чанд бандча кабудияшро савдо карда тавонисту халос, ки маблағи он ба ду кило картошкаю як килограмм пиёз ва се нони бозорӣ ба зӯр расид. Вай ин маҳсулотҳоро харидорӣ карда, ба хона баргашт. Лекин аллакай фишораш баланд шуда, сараш чарх мезад ва аз ба савдо нарафтани сабзвотҳояш ба ғазаб меомад. Ӯ ба хона расид. Дар иҳотаи фикру хаёлҳо монд. Аз нобарориҳо андӯҳгин шуд. Бо Фирӯзаву Таманно гап намезад. Танҳо буданро мехост. Вай ба ҳуҷра даромада, дарро аз дарун қуфл карда мегиристу дарду аламашро сабук мекард. Фирӯза бошад, ин аҳволи модарро дида ғамгин шуд. Аз дил гузаронд, ки ба модар чӣ ҳодиса рух дода бошад? Ҳамин тавр, модар то рӯз дарро накушод. Чизе ҳам нахӯрд. Бо Фирӯза оид ба имтиҳонаш ҳам маслиҳат накард. Фирӯза ва Таманно дар ҳуҷраи дигар буданд. Фирӯза то қарибиҳои рӯз нахобид. Дар бораи модар меандешид. Падарашро ҳам ба ёд меовард. Гоҳ бо овози паст гиря мекарду гоҳе хомӯш мемонд. Субҳ наздик шуд. Модар дари ҳуҷраро кушод. Фирӯза дар тарақотуруқи вай аз хоб бедор шуд. Дарҳол назди модар омад: -Очаҷон, ту ба куҷо меравӣ? Имрӯз ҳамроҳи ман ба донишгоҳ намеравӣ? Модар бо сари хам ҷавоб дод: -Не, духтарам. Ту худат танҳо рав. Ман бояд илоҷ карда, аз ягон кас кабудӣ қарз биёраму баъди савдо кардан пулашро баргардонам. Ин сабзавотҳо ба фурӯш нарафтанд, зарари калон дидам. Фирӯзаро аз ҳарвақта ба модар зиёдтар раҳмаш омад. Чи тавр дилбардорӣ кардани модарашро надонист. Дигар ёрои ба модар ҳарф гуфтанро ҳам накард. Сайёра наҳорӣ накарда ба бозор рафт. Ӯро Фирӯза гусел намуд… Пардаи сиёҳи шабона аз шаҳр барканор шуд. Нисфи Офтоб аз паси кӯҳҳо баромада, равшаниву гармӣ медод. Мардум аз пайи кору бори худ мешуд... …Фирӯза дар ин субҳи барвақтӣ дар даст дафтар ва қалам сӯи донишгоҳ мерафт. Дар сар ҳамон рӯймоли сурхранги симсимакдори лағжонак ва дар тан куртаи рангаш осмонӣ дошт. Ӯ қадам мемонду   баданашро ҳисси навмедӣ фаро мегирифт. Чунки ба сазовори номи донишҷӯ шуданаш боварӣ надошт. Вай аз худ мепурсид: «Дар имтиҳон бо кадом саволҳо рӯ ба рӯ мешуда бошам? Оё он саволҳоро медонам ё не? Агар саволи мушкиле пеш ояд, ин қадар орзуву ҳавасам бар абас меравад. Ба донишгоҳ дохил намешавам. Мисли модарам ҳаётамро дар бозор мегузаронам. Модарамро аз ин рӯзҳои сахт наҷот дода наметавонам». Ӯ ба саҳни донишгоҳ расид. Ҳама довталабонро бо бародару хоҳар ва ё падару модар медид. Худашро бошад, танҳо. Ӯро касе ҳамроҳӣ ва дилбардорӣ наменамуд. Фирӯза дар саҳни донишгоҳ қадам мемонду ҳиссёти аҷибе фарояш гирифта буд. Нафасаш гӯё намебаромад. Дарунаш «ҳаво» мегирифт, қафаси синнааш вазнин мешуду меҷамид. Дар андак андеша ва ё ба ёд овардани падараш оби дидааш аз чашмонаш мешорид. Аз дарду алам кунҷеро ихтиёр кардаву гиристан мехост. Боз Фирӯзаро қалбаш аз хушҳолие гувоҳӣ медод, ки худ аз худ ашки андӯҳу дардаш ба ашки шодӣ табдил меёфту ба қавле, дилаш суст ва беҳузур мешуд. Оби даҳонаш лаъл мебаст. Ӯ ин ҳолатро бори нахуст дар худ эҳсос менамуд ва ба худ мегуфт: «Эй атаҷон, ту дар куҷоӣ, ки маро имрӯз сахт дар оғӯш бигириву ҳамроҳам дар саҳни донишгоҳ қадам бимонӣ? Ба ман гӯйӣ, ки ғам махӯр, духтарам, ҳатман ба донишгоҳ дохил мешавӣ. Атаҷон, дар ин ҳолатҳо ба ту хеле эҳтиёҷ дорам ва медонам, ки агар шумо дар паҳлуям мешудед, ман худро ин қадар ноҳинҷору нотавон ҳис намекардам, худро мисли гули пажмурда намешумурдам… Кош ин аҳволи маро шумо медидеду ин суханҳои маро мешунидед…». Дар гӯшае аз саҳни донишгоҳ, дар сояи дарахти арча муаллиме дар курсӣ нишаста буду ҳафтаномаеро дар даст дошта мутолиа мекард. Ин муаллим дар тан куртаи сафед ва шиму пойафзолҳои сиёҳ дошт. Галстуки сурхранги вай рӯйи шиками фарбеҳаш овезон. Ӯ аз субҳ, баъди хондани сархате мӯйлабҳои ғафси сиёҳашро бо ангуштонаш мемолиду аз болои айнаки худ ба довталабон нигоҳ макард. Ҳар довталабро якояк аз назар мегузаронд, ҳеҷ довталабе аз назари ӯ дурмонда ба донишгоҳ дохил шуда наметавонист. Вай хеле парешонхотир менамуд. Муаллим ин дафъа сархатеро хонду дарҳол даст бар ҷайб бурда, рӯймолчаашро баровард ва чашмони намнокшудаашро пок карда монд. Аз ин аҳволи муаллим кас гумон мекунад, ки мазмуни мақолае ашки ӯро овардааст. Ё шояд, ба қавле дарду табаш дигар бошад. Баъди пок кардани оби чашмҳояш муаллим аз болои айнаки худ ба довталабон чашм давонд ва вазнин-вазнин нафас гирифт. Ӯ ин дафъа миёни довталабон Фирӯзаро ёфт. Ба сару либоси хоси тоҷикии ӯ чашм давонд, ба ҳар ҳаракаташ аҳамият дод. Тарзи роҳгардӣ, дастҷунбонӣ, сари хам ва чеҳраи аламдори Фирӯзаро аз назар гузаронд. Ин духтар диққати ӯро тамоман ба худ ҷалб кард. Чунки вай аз дигарон ба куллӣ фарқ дошт. Махсусан, ӯ мисли дигарон сару либоси замонавӣ ба тан надошт. Либосҳои вай духтарони солҳои пешини тоҷикро ба ёд меовард. Сару либоси оддӣ дошт. Дигар духтарон ин тавр либос надоштанд. Мегуфтанд, ки ин гуна либосҳо кайҳо аз мӯд баромадааст, пӯшидани онҳо айб аст. Илова бар ин, чунин либосҳо гӯё аз камбағалдухтар будани Фирӯза гувоҳӣ медод, ки ин ҳам ба муаллим бараъло маълум шуд. мият дод. Тарзи роҳгардӣ, дастҷунбонӣ, сари хам ва чеҳраи аламдори Фирӯзаро аз назар гузаронд. Ин духтар диққати ӯро тамоман ба худ ҷалб кард. Чунки вай аз дигарон ба куллӣ фарқ дошт. Махсусан, ӯ мисли дигарон сару либоси замонавӣ ба тан надошт. Либосҳои вай духтарони солҳои пешини тоҷикро ба ёд меовард. Сару либоси оддӣ дошт. Дигар духтарон ин тавр либос надоштанд. Мегуфтанд, ки ин гуна либосҳо кайҳо аз мӯд баромадааст, пӯшидани онҳо айб аст. Илова бар ин, чунин либосҳо гӯё аз камбағалдухтар будани Фирӯза гувоҳӣ медод, ки ин ҳам ба муаллим бараъло маълум шуд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/byi-padar-ismi-10

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.