расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЧАРО ЖИРИНОВСКИЙ ДӮСТДОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ШУДААСТ?

. / Ҷомеа

ЧАРО ЖИРИНОВСКИЙ ДӮСТДОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ШУДААСТ?


Пас аз оне, ки бемории коронавирус дар саросари ҷаҳон паҳн гардид, аксари муҳоҷирони Русия ба ватан баргаштанд. Ҳоло Русия ба коргар ниёз дорад. Раиси ҳизби либерал демократи русия Владимир Жириновский дар яке аз барномаҳои телевизионӣ таъкид намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аз Тоҷикистон ҷалб гарданд. Владимир Жириновский дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Владимир Соловев гуфт, ки агар Русия ба коргар ниёз дошта бошад, бигзор бештар аз Тоҷикистон ҷалб шаванд. “Русия ҳуқуқи интихоб дорад. Бештари муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз Тоҷикистон ҷалб шаванд”, - изҳор дошт Жириновский. Баробари ин раиси ҳизби либерал демократи Русия дар посух ба суоли Владимир Соловёв, илова кард, ки ӯ дар сафари охираш ба ҷумҳурӣ дар ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ карда ба тавофуқ расидааст. Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Гулру Ҷабборзода, сардори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тӯли шаш моҳ 129 ҳазору 807 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд. Ҷабборзода гуфт, ин рақам нисбат ба соли гузашта 57% камтар аст. Тибқи гуфтаҳои ӯ, агар маълумоти омориро муқоиса намоем, пас дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор нафар камтар муҳоҷирон барои дарёфти кор ватанро тарк кардаанд. Номбурда гуфт, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои кор ба Русия рафтанд, ки теъдоди он ба 117 ҳазор мерасад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/charo-zhirinovskiy-dstdori-muoironi-toik-shudaast

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.