Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифро зери назорат мегирад

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба ҳайати Шӯро кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр, олимону намояндагони соҳаи морифи пйтахт шомил гардида, онро шахсан раиси шаҳри Душанбе таҳти роҳбарӣ гирифт.

Дар ҳамин ҳол, бо қарори мазкур Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки 4 марти соли 2015 таъсис ёфта буд, барҳам дода шуд.

Шӯрои нав бо мақсадди ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба рушди зеҳнии кӯдак, оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа таъсис дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯро мусоидат намоянд.

Шӯрои мазкур ҳам намояндагони соҳаи маориф ва ҳам роҳбарони бахшҳои гуногуни иқтисод ва ҳаёти ҷамъиятиро, ки дар низоми маориф ба сифати фармоишгару истеъмолгар иштирок доранд, муттаҳид мекунад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон