Туҳфаҳои солинавии “МегаФон Тоҷикистон” ба кӯдакони маъюб

Кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” меҳмони маркази рӯзонаи кӯдакони маъюби “Ғамхор” шуда, ба тарбиятгирандагони маркази мазкур туҳфаҳо тақдим намуданд.  

Дар маркази “Ғамхор” зиёда аз 30 кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ тарбият мегиранд. Бисёри онҳо аз падару модар маҳрум буда, омадани меҳмонон – барояшон ҳамеша як хурсандии бузург аст. Кормандони “МегаФон Тоҷикистон” бо кӯдакон муошират карда, онҳоро бо фарорасии Соли нав табрик намуда, туҳфаҳои ширинро ҳадя намуданд.


“Мо хеле хушҳол аз онем, ки кӯдакони моро фаромӯш намекунед. Барои онҳо дастгирии маънавӣ ва изҳори ҳама гуна ғамхорӣ хеле муҳим аст. Ман ба дӯстон аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои фаъолияти бузурги хайриявиашон изҳори сипос менамоям. Минбаъд низ аз дидоратон хеле шод хоҳем шуд!” – мегӯяд директори маркази “Ғамхор”-и шаҳри Бохтар Мавҷуда ШАРИПОВА.


“Мо аллакай солҳои зиёд кӯдакони ба вазъияти душвор афтодаро дастгирӣ менамоем – бахусус, барои тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакон чемпионати футболро ташкил менамоем. Вале кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуд муносибати махсусан  ғамхоронаро ба худ тақозо менамоянд: ҳар як калимаи ба онҳо равонашванда бояд умеду хурсандибахш бошад. Бовар кунед, дидани чашмони пур аз сурури ин тифлон ба ҳеҷ чиз баробар шуда наметавонад!” – изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон