БОЗПУРСИИ АЪЗОИ ОИЛАИ БАҲРИДДИН АЮБОВ БАЪДИ ЧАНД ВИДЕОИ “ХИТОБ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 12 декабр аз деҳаи Гулмайдон (собиқ Этака)-и Ҳисор падару бародарони Баҳриддин Аюбов, ҳамчунин раиси маҳалла ва имоми масҷиди деҳаро барои бозпурсӣ ба шуъбаи шашуми минтақавӣ ба шаҳри Турсунзода бурдаанд. Дар ҷараёни бозҷӯӣ аҳволи Саймиддин Аюбов, падари Баҳриддин Аюбов бад шудааст ва ӯро ба бемористон интиқол додаанд. Баҳриддин Аюбов як моҳи охир дар Интернет чанд видео нашр кард, ки дар он аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, ба ҷои шикастани иродаи мардуми худаш иродаи онҳоеро бишканад, ки ҳуқуқи мардуми тоҷикро дар берун поймол мекунанд.

 

Ба гуфтаи манобеи сомонаи "Ахбор”, маъмурони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон, маъруф ба шуъбаи шашум, рӯзи 12 декабр ба деҳаи Гулмайдон (собиқ Этака), воқеъ дар тақрибан 5-километрии ҷануби шаҳри Ҳисор омада, Саймиддин Аюбов, падари Баҳриддин Аюбов, бародарони ӯ ва ҳамчунин раиси маҳалла ва имоми масҷиди деҳаи Этакаро ҳамроҳи худ барои бозпурсӣ ба шаҳри Турсунзода бурдаанд. Қароргоҳи бахшҳои минтақавии ВКД дар водии Ҳисор дар Турсунзода ҷойгир шудааст.

Ҳамсӯҳбатони "Ахбор” мегӯянд, сабаби барои бозҷӯӣ бурдани наздикони Баҳриддин Аюбов видеоҳое будааст, ки ӯ дар чанд ҳафтаи охир дар Интернет нашр кард. Аюбов, ки феълан дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, дар ин видеоҳо аз бархе сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон интиқод ва мақомот, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон ва писари калонии ӯ Рустами Эмомалиро ба ислоҳи ин сиёсатҳои, ба ақидаи Аюбов, иштибоҳӣ даъват мекард.

Дар ҷараёни бозпурсӣ дар шуъбаи шашум дар Турсунзода аҳволи Саймиддин Аюбов хеле бад шудааст ва ӯро бо фишори баланд ба бемористони шаҳри Ҳисор овардаанд.

Баҳриддин Аюбов як муҳоҷири ҷавони тоҷик аст, ки берун аз Тоҷикистон, дар Русия ё дар Қазоқистон дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад.

Ин ҷавон дар миёнаҳои моҳи ноябр нахустин видеояшро дар Интернет нашр кард. Ин видео асосан ба шакли посух ба блоггерҳои дигаре, мисли Шайх буд, ки ба ақидаи Баҳриддин Аюбов, рӯмоли арабӣ ба сар баста, гапҳои пучу беҳуда мезананд.

Вале дар идомаи видео Баҳриддин Аюбов якбора ба масоили сиёсӣ рӯ овард ва бо сленги хоси ҷавонони имрӯза хитоб ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва писари калониаш Рустами Эмомалӣ ба онҳо барои ислоҳи сиёсатҳояшон чанд машварат дод.

Ӯ аз ҷумла хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳамон тавре ки президент иродаи мардуми худашро шикастаасу дигар касе ҷуръат намекунад, ки сухани танқидие дар бораи вай бизанад, Эмомалӣ Раҳмон бояд иродаи онҳоеро ҳам бишиканад, ки мардуми тоҷикро дар берун аз кишвар ғам медиҳанд ва ҳуқуқи тоҷикҳоро поймол мекунанд.

Баҳриддин Аюбов аз президент ва Рустами Эмомалӣ, ки ӯро "брати ҷон” ва "красавчик” ном мебурд, хост, то дар Тоҷикистон барои мардум шароити кору зиндагӣ фароҳам биоранд ва мардумро аз ин азоби мулки ғурбат халос кунанд. Ӯ аз таҷрибаи худаш қисса кард, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон муддате дар Ҳисору Душанбе такси зад, вале мақомот ончунон буғиаш карданд, ки аз ин кор даст кашид.

Видеои аввали Баҳриддин Аюбов ба истиқболи зиёде рӯбарӯ шуд ва ӯ ба дунбол чанд видеои дигар низ нашр кард ва дар онҳо аз бархе сиёсатҳои ҳукумат, аз ҷумла муборизааш бо ришу ҳиҷоб интиқод кард. Дар видеои охиринаш Баҳриддин Аюбов гуфт, ки ӯро бо солҳои тӯлонии зиндон барои ин видеоҳояш таҳдид кардаанд. Вале, гуфт ӯ, ман аз касе наметарсам, ҳатто ба ҳукми зиндони умрбод розиам, аммо суханамро хоҳам гуфт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон