ДАРГУЗАШТИ ФАЙЗИДДИН НАҚШОВ – БОҶАИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Субҳи 12 декабр Файзиддин Нақшов – мудири шуъбаи чоруми "Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва боҷаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар синни 59 аз олам чашм пӯшид. Файзиддин Нақшов чандин сол боз аз бемории қанд ранҷ мекашид ва ҳатто як пояшро ба ин иллат ҷарроҳӣ карда буданд. Маросими намози ҷанозаи Файзиддин Нақшов рӯзи 13 декабр дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара доир мешавад, чунки зану духтараш дар Олмон будаанд ва танҳо пагоҳ метавонанд ба Тоҷикистон бирасанд.

Субҳи 12 декабр боҷаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Нақшов Файзиддин дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт. Нақшов Файзиддин солҳои охир мудири Филиали 04 БДА ҶТ "Амонатбонк" дар ноҳияи Сино шуда кор мекард. Ӯ чандин сол боз аз бемории қанд азият мекашид ва як пояшро низ бинобар ин беморӣ ҷарроҳӣ намуда буд. Бино бар гуфтаи бархе аз наздикони марҳум, аз сабаби он ки ҳамсар ва духтари майит дар Олмон қарор доранду фардо бояд ба Тоҷикистон парвоз кунанд, маросими намозиҷанозаи Нақшов фардо, 13 декабр дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор шуда, дар ҳамон ҷо ба хок супурда мешавад. Файзиддин Нақшов дар маҳзари ом тақрибан зоҳир намешуд ва дар матбуот низ дар борааш кам менавиштанд. Фақат як сол пеш, вақте Нуриддин Раҳмон, бародари калонии президенти Тоҷикистон даргузашт, “Хатлон” – нашрияи расмии ҳукумати вилояти Хатлон порае аз андешаҳои Файзиддин Нақшовро дар бораи бародари президент нашр карда буд: “Бо хомўшии андешазой Файзиддин Нақшов, ки солҳои тўлонӣ акаи Нуриддинро нағз мешинохт, дар бораи хислатҳояш оромона ва андешамандона ҳарф мезад. -Инсони беназир, адолатпеша, дилсўзу ғамхори бепарасторону ятимон буд акаи Нуриддин. Ҳамин тавр суҳбат оғоз кард Файзиддин Нақшов. Марди покдил буду бо ҳама дўстӣ дошт, сапедрўзиро меписандид. Олами ҳастӣ бузургтарин хонаест, ки одамон сифатҳои некии худро барои дигарон намоиш медиҳанд. Акаи Нуриддин бо ҷуръату ҳиммат бори гарони масъулиятро бар дўш гирифта, корҳои азиму дилпазиртарро бо камоли кордонӣ ба ҷо меовард.” Ҳамсарони Файзиддин Нақшов ва Эмомалӣ Раҳмон ҳарду аз оилаи Саъдуллоевҳо аз ҷамоати Чапаеви ноҳияи Колхозобод (ҳоло – Балхӣ) мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон