МУРОҶИАТНОМАИ ФИЛМБАРДОР РУСТАМ ОРИФӢ БА ПРЕЗИДЕНТ: ДАСТГИРӢ НЕСТ (ВИДЕО)

Филмбардори ҷавони тоҷик Рустам Орифӣ дар як муроҷиатномаи видеоӣ ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шикоят кардааст, ки роҳбарони студияи "Тоҷикфилм” ҳунармандони ҷавонро дастгирӣ намекунанд.

Рустам Орифӣ мегӯяд: "Ман соли гузашта пеши роҳбари "Тоҷикфилм” Носир Раҳмон даромадам ва гуфтам, ки ман як ҷавони эҷодкорам ва мехоҳам бо корҳои худам ба Ватану ба миллати худам як фоида биорам. Чанд лоиҳа доштам, ки якеаш дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қазоқистон ҷоиза гирифта буд. Ба раис пешниҳод кардам ва ӯ гуфт, ки мо ҷавонони лаёқатмандро дастгирӣ мекунем.”

Рустам Орифӣ сипас ҳуҷраи дару девораш фурӯрехтаеро нишон медиҳад ва мегӯяд, раиси "Тоҷикфилм” ҳамин утоқи кориро ба ӯ пешниҳод кардааст. Рустам Орифӣ мегӯяд, утоқи кориро аз ҳисоби худаш тармим кард, вале: "Аз тарафи раис дигар ягон дастгирӣ надидам. Чанд лоиҳаи дигар дар ҳамин утоқ эҷод ва ба раис пешниҳод кардам, вале бенатиҷа буд. Аз ҷумла лоиҳаи силсилафилми "Чора”-ро пешниҳод кардам, вале бенатиҷа. Дидам, ки намешавад, боз як лоиҳаи замонавӣ, лоиҳаи "Одам-китоб”-ро ҳаминҷо эҷод кардам ва ин дафъа аксҳояшро ҳам чоп карда, ба раис фаҳмондам, ки феълан ҳамин чиз барои насли наврас хеле зарур аст. Қаҳрамони ин китоб ба насли наврас мефаҳмонад, ки ҳар қадар одам китоб хонад, ҳамон қадар донишу ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад, забонаш бурро мешавад.”

Раиси "Тоҷикфилм” лоиҳаи Рустам Орифиро хуб қабул карда, як қарори махсус ҳам баровардааст, ки дар он ба муаллиф орзуи муваффақият мекунад. Аммо, мегӯяд Рустам Орифӣ, ин лоиҳа ҳамчунон дар рӯи қоғаз боқӣ мондааст.

Рустам Орифӣ дар идомаи видео мегӯяд, роҳбари "Тоҷикфилм” баъзе корҳои "чашмрас” анҷом додааст, ба мисли гулкорӣ кардани ҳавлии киностудия, сафед кардани деворҳояш ва иваз кардани панҷараи ҳавлӣ.

Филмбардори ҷавон мегӯяд, ин корҳо барои он анҷом дода шуданд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бояд дар маросими ифтитоҳи як мактаб дар ҳамсоягии "Тоҷикфилм” иштирок мекард.

Ба ақидаи Рустам Орифӣ, ин танҳо хокпошӣ ба чашми роҳбарони кишвар аст: "Ин корҳоро ба кадом хотир карданд? Ба ин хотир ки дар ҳамсоягӣ як мактаби замонавӣ сохтанд ва дар кушодашавии он роҳбари давлат ҳам ширкат дошт. Вале вазифаи "Тоҷикфилм” гулу гулпарварӣ нест. Вазифаи киностудия истеҳсоли филмҳои ватанӣ аст. Бояд маҳсулоте барорад, ки писанди мардум бошад. Дар дӯконҳои дискфурӯшӣ силсилафилмҳои туркӣ, "Калтакалос”... Охир фарҳанги як миллати дигар ба мо чӣ даркор аст? Антеннаи моҳвораиро мемонам, тамошо мекунам. Ба мо силсилафилмҳои ватании худамон даркор аст. Филмҳое даркор аст, ки вақте тамошобин мебинад, худро дар даруни ҳамон филм тасаввур кунад.”

Рустам Орифӣ мегӯяд, ҳукумат барои сохтани филмҳои нав пул ҷудо мекунад, "лекин мо, эҷодкорон, онро намебинем.”

Рустам Орифӣ дар анҷоми ин видео ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад, ки аз эҷодкорони ҷавон пуштибонӣ кунад. Ӯ аз ҷониби худ вахда медиҳад, ки агар дастгирӣ пайдо кунад, метавонад дар байни ҳамагӣ 6 моҳ филмҳое бисозад, ки нафақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфият пайдо кунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон