ВИДЕО ВА 4 АКС АЗ МАҲАЛЛИ ТАРКИШ ДАР ДУШАНБЕ

Ба дасти сомонаи "Ахбор” видеое расид, ки дар он лаҳзаи таркиши рӯзи 4 декабр дар маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе сабт шудааст. Лаҳзаи таркиш дар дурбини камераи назоратии дохили мағозаи қисмҳои эҳтиётии мошинҳои тамғаи "Hankook” афтодааст. Рӯзи 4 декабр дар инҷо бар асари таркидани балони газ 4 нафар: Хӯҷа Бедилов, Аҳлиддин Шарипов, Сабзалӣ Шоев ва Парвиз Ёраков ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар видеое, ки яке аз хонандагон ба сомонаи "Ахбор” фиристод, дида мешавад, ки чор нафар дар дохили толори мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ истодаанд ва яке аз онҳо бо фурӯшанда ҳисобу китоб мекунад. Дар ҳамин лаҳза таркиш рух медиҳад ва мавҷи он ҳамроҳ бо забонаи оташ дохили толори мағозаро низ фаро мегирад. Яке аз ин 4 нафар, ки ба дари мағоза наздиктар меистод, аз шиддати мавҷи таркиш ба замин меафтад.

 

Маркази матбуоти раёсати сӯхторнишонии шаҳри Душанбе қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 4-уми декабри соли 2018, соати 13:25-дақиқа, дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи "Хaнкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ба шаҳрванд Фозилов Дониёр Аҳмадхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Яккачинор, хонаи 159 тааллуқ дорад, бар асари ихроҷ аз балони газ таркиши кӯтоҳ ба амал омад.

Дар натиҷа, шаҳрвандон:
1. Бедилов Хуҷа, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, бинои 29, хонаи 4;
2.Шарипов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 367;
3.Шоев Сабзалӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сурхоб, хонаи 372;
4.Ёраков Парвиз, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Пахтакор осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳолати саломатии номбурдагон муътадил буда, зери назорати табибон қарор доранд.
"Тафтишоти пешакӣ оид ба ҳолати рух додани таркиш аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Аз натиҷаи он хабар дода хоҳад шуд,” – гуфта мешуд дар иттилоияи маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон