БЕЛҶАНГ ДАР ҶАМОАТИ ИВАН-ТОҶИК

Як марди 43-солаи сокини ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, ин мард рӯзи 14 ноябр дар назди хонааш бо як марди 33-сола сокини Мастчоҳи кӯҳӣ ҷангу ҷанҷол бардошта, бо бел ба сари рақибаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин бо истифода аз бел

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд, марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 14-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 08:30-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматиаш бо марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо бели дар дасташ буда, 1-маротиба ба сараш задааст.
Дар натича марди ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

Ғоратгарӣ дар назди Маркази савдо

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 4-уми декабри соли 2018, тахминан соати 16:00-дақиқа, дар назди маркази савдои "Панҷшер”, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии ҳамин ноҳия бо ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини шаҳраки Бӯстон вохӯрда, ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 200-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

 

Мусодираи маводҳои тарфгарӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдаси-1 пойтахт ноболиғон; писарбаччагони 16 ва 17-солаи сокинони кӯчаи А.Ғуломов ва ҷавонзани 33-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии зани номбурда, 19.250-дона маводи тарфгарии тамғаи "Хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тафтиши ин ҳодиса давом дорад.

 

Ба яғмо бурдани маблағи пулӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 14:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 6200-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбаччаи 15-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон