Telia Узбакистонро низ тарк кард: саҳмияҳои Ucell-ро Ҳукумат харидааст

ширкати Telia, акс аз бойгонӣ

Юхан Деннелинд, мудири кулли Telia изҳор доштааст, ки саҳмияҳо дар доираи тасмими холдинг барои берун баромадан аз бозори Авруосиё фурӯхта шудаанд

  Ширкати телекомуникатсионии шведӣ, Telia Company саҳмаш дар ширкати Coscom, маъруф бо тамғаи Ucell – ро ба Ҳукумати Узбакистон фурӯхтааст, хабар дод РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, саҳмияҳои “Telia Company”-ро Кумитаи давлатии мусоидат ба хусусигардонӣ ва ҳифзи рақобат бо нархи 215 миллион доллар харидаст.

Юхан Деннелинд, мудири кулли Telia изҳор доштааст, ки саҳмияҳо дар доираи тасмими холдинг барои берун баромадан аз бозори Авруосиё фурӯхта шудаанд. Ӯ афзудааст, ки ширкат бештар ба кор дар кишварҳои Скандинавия ва назди Балтика таваҷҷуҳ хоҳад дод.

Telia Company саҳмияҳои “Coscom” –ро соли 2007 харида буд ва тибқи иттилои расмӣ сеяки бозори интернети мобилии Узбакистонро дар ихтиёр дошт.

Telia дар Тоҷикистон низ аксари саҳмияҳои ширкати Тcell-ро дар ихтиёр дошт, вале дар доираи тасмимаш барои тарки кишварҳои АвруОсиё онҳоро фурӯхт.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон