Дуздии 90 ҳазор сомонӣ аз хонаи истиқоматӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 62-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 15 ба 16-уми ноябри соли 2018 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш ворид шуда, аз он ҷо 90 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкур бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон