НАСИҲАТИ ҲОҶӢ МИРЗО БА МУҲОҶИРОН: ПАДАРУ МОДАР, ЗАНУ ФАРЗАНД ВА ВАТАНАТОНРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД! (ВИДЕО)

Воизи шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, дар яке аз мавъизаҳояш аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки падару модар, зану фарзандони худ ва Ватани худро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароранд. "Ба падару модаронатон занг бизанед, аз аҳволашон бипурсед!” – гуфт Ҳоҷӣ Мирзо хитоб ба муҳоҷирони тоҷике, ки барои шунидани мавъизаи ӯ ҷамъ шуда буданд. Ҳоҷӣ Мирзо аз муҳоҷирон ҳамчунин хост, ба ҷои ҳасад бурдан ба мардуми Қафқоз фикри нангу номуси тоҷикиашонро кунанд: "Таъриф мекунем, ки чеченҳову доғистониҳо ҳай мардуми бағайратанд? Шумо чаро мунин бағайрату банангу баномус намешавед?” Ҳоҷӣ Мирзо аз муҳоҷирон хост, то фарзандонашро дар рӯҳияи тоҷикӣ тарбия кунанд ва нагузоранд, ки онҳо забони тоҷикии худро фаромӯш кунанд.

Ҳоҷӣ Мирзо, ки бо мақсади мулоқот бо муҳоҷирони зодаи Тоҷикистон ба Русия омадааст, дар яке аз мавъизаҳои ахираш дар яке аз масҷидҳои ин кишвар хитоб ба муҳоҷирони тоҷик гуфт:

-Мо бояд чунин набошем. Як умр таъриф мекунем, ҳамин чеченҳо ҳай мардуми бағайратанд, ҳе, доғистониҳо мардуми бағайратанд... О туро чӣ бало задааст, ки ту бағайрат намешавӣ? Ту чаро баномус намешавӣ? О, онҳо чор даст надоранд-ку!

Падару модаронатонро, бародарҳои азиз, занг бизанед, аз ҳоли падару модарҳоятон бипурсед! Омадед, Русияро гирифтед, намедонам, бо чӣ шуморо мафтун кардааст? Майлаш, бигзор! Гирифтед, кор кардед, ошатон шавад. Ман розӣ, Худо баракататон диҳад! Худо аз ин ҳам ободтаратон кунад!

Вале падару модарҳоро фаромӯш накунед! Зану фарзандонатонро фаромӯш накунед!

Бисёре аз фарзандакҳоро пешам оварданд, ки Ҳоҷибобо, дар ҳаққашон дуо кун! Мепурсам, номат чист? Намедонанд, хап мекунанд, тоҷикиро намедонанд. Падару модар тоҷик, фарзанд русӣ гап мезанад!

Оё ҳамин нанг нест? Ту куҷоро нигоҳ дорӣ?

Агар англисиро бидонад, хитоиро бидонад, франсузиро бидонад, 50 забонро бидонаду забони худашро надонад, ӯро ҳеҷ кас шуморидан даркор нест.

Бигзор фарзандонатон забондон бошанд, бародарони азиз. Мо як соддагӣ дорем, ки мегӯем, бачаам русӣ гап занад, диламро мебарад, кайф мекунам. Лекин ба ин ки бачаам тоҷикии худашро фаромӯш кардааст, парво надорад ин бародари азиз.

О, ту тоҷикӣ, пагоҳ пеши бобояш меравад, пеши момояш меравад, пеши ҳамсояҳояш меравад. О чӣ хел, вақте гап дар бораи миллат меравад, гап дар бораи Ватан меравад, гап дар бораи ҳисси миллӣ меравад, ин забони худашро намедонад?

Дар куҷое бошед-набошед, шумо мардуми Тоҷикистонед! Ватани аслии шумо, бародарони азиз, Тоҷикистон аст! Худо чапаш наорад, лекин даркор шавад ба ҳамин мардак, одамонеро, ки шаҳрвандӣ гирифтед, даркор шавад, ҳамаашро хат мезанад ва пешатон мекунад. Даркор шавад агар... Боз шуморо ҳамон мамлакати худатон ва Ватани худатон мебардорад.

Пайғамбари гиромии моро вақте аз Макка пеш карданд, рафт, аз масофаи дур кӯҳҳои Маккаро диду гуфт, "ман бо ту паноҳбаХудо намекунам, ман боз пешат бармегардам.

Паёмбарамон зодгоҳашро дӯст медошт. Мо чаро дӯст надорем?

 

 

Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов Мирзомурод Давлатович) 22 сентябри соли 1967 дар маҳаллаи Кӯҳдоман (ҳоло кӯчаи Ҳилоли Аҳмар)-и шаҳри Кӯлоб ба дунё омадаастСилсилаи шаҷаравии аҷдоди Ҳоҷӣ Мирзоаз тарафи падараш баДомуллоҲикматуллоҳи Ришдарози Кушёни Сарихосори вилояти Хатлон ва азҷониби модар ба эшонҳои Бешмуллои Ховалинг мерасад.

Падари ӯ Ҳоҷӣ Давлатки 28 феврали соли 2017 дар синни 90 аз олам рафт, се писар ва 6 духтар дошт. Аз миёни фарзандони Ҳоҷӣ Давлат танҳо Ҳоҷӣ Мирзо роҳи илми Исломро пеш гирифт.

Ҳоҷӣ Мирзо соли 1984 мактаби рақами 9-уми шаҳри Кӯлобро хатм кардаба омӯзишгоҳи муҳосибииКӯлоб дохил шудӮро соли 1985 ба хидмати ҳарбӣ даъват кардандШояд кам касе аз ин хабардор аствале Ҳоҷӣ Мирзо ҳангоми хидмати сарбозӣ моҳи апрели соли 1986, баъди садамаи нирӯгоҳи ҳастаииЧернобил барои рафъи оқибатҳои ин садама ба он минтақаи хатарнок фиристода шуд ва то анҷомизамони аскариаш як соли тамом дар Чернобил хидмат кардааст.

Соли 1987, баъди бозгашт аз артиш Ҳоҷӣ Мирзо дар корхонаи "Хӯроки умумӣ ("Общепит”)-и Кӯлобба ҳайси муҳосиб ба кор даромадӮ чанд муддат дар боғи ботаникии Тило Бобоев ва дар корхонаи гулпарварии Кӯлоб ҳам кор кардааст.

Ҳоҷӣ Мирзо таҳсилоти диниро соли 1985 бо роҳнамоии модараш дар назди яке аз шинохтатаринрӯҳониёни минтақаи Кӯлоб Сомеъ Одиназодамаъруф ба Домулло Шарифи Кӯлобӣ ва фарзандониин рӯҳонӣ оғоз кардаастСомеъ Одиназода дар ҳамсоягии Ҳоҷӣ Мирзо зиндагӣ мекард ва ӯ пеши индомуллои маъруф 5 сол дарс гирифтҲоҷӣ Мирзо аз Сомеъ Одиназода дар ин 5 солтаҷвид«Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ«Куллиёт»-и Ҳофизосори Бедил«Чаҳор китоб»«Фарзи айн» вачанд китоби дигарро аз бар кард.

Ҳоҷӣ Мирзо ҳамин тавр бо тавсияи устоди аввалинаш аз соли 1990 пои дарси ДомуллоМаҳмадуллоҳи Кӯлобӣ нишаст ва то соли 1995 пеши ин рӯҳонии мӯътабар дар минтақаи Кӯлоб азилми ҳадис китобҳои «Риёз-ус-солиҳин»«Саҳеҳи Бухорӣ»«Ҳадиси усурӣ» (шарҳи чил ҳадис), азилми фиқҳ китобҳои «Мухтасар-ул-виқоя»«Шарҳ-ул-виқоя» ва «Ҳидояи шариф»аз илми ақидакитобҳои «Фиқҳи акбар»«Ақидаи Мулло Ҷалол» ва «Ақоиди Насафӣ»аз адабиёт асарҳои СаъдииШерозӣ «Бӯстон» ва «Гулистон»аз фанни забони арабӣ китоби «Мабда-ул-қироат» ва сарфу наҳвизабони арабиро омӯхт.

Ҳоҷӣ Мирзо солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи байналмилалии исломии Покистон таҳсилашротакмил кард ва баъди бозгашт дубора ба хайли шогирдони Домулло Маҳмадуллоҳ пайваст.

Аммо номи Ҳоҷӣ Мирзо сар аз соли 2000, баъди нишастанаш ба мақоми имомхатиби масҷидиҲилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб вирди забонҳо шуд ва шӯҳраташ низ аз минбари ҳамин масҷид ба авҷиаъло расидДар даврони имоматии Ҳоҷӣ Мирзо масҷиди Ҳилоли Аҳмар ба яке аз пуртарафдортарин масҷидҳо дар минтақаи Кӯлоб табдил ёфт ва ҳар рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз ноҳияҳои дигариминтақаи Кӯлобу водии Вахш ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон барои шунидани мавъизаҳои ҲоҷӣМирзо ба масҷиди Ҳилоли Аҳмар мерехтанд.

Ҳоҷӣ Мирзо дар чандин раддабандии рӯҳониёни тоҷик мақоми баланди "Рӯҳонии сол” ва "Воизисол”-ро ба даст овардаастАз ҷумла ҳафтаномаи "Нигоҳ Ҳоҷӣ Мирзоро дар солҳо 2010 ва 2014 "Рӯҳонии сол” ва соли 2011 "Рӯҳонии пешсаф” эълон кардНашрияи "Миллат” Ҳоҷӣ Мирзоро дарсоли 2008 "Воизи сол” ва "Озодагон” соле баъд "Қаҳрамони сол” эълон кардандНашрияи "СССР”низ чандин сол паи ҳам Ҳоҷӣ Мирзоро чеҳраи сол интихоб карда, "Тоҷнюс” дар соли 2009 аз байни10 воизи шинохта амри маъруфи Ҳоҷӣ Мирзоро дар ҷои аввал гузошт.

Нашрияи интернетии www.toptj.comдар як мақола бо номи «ТОР-20: кто онисамые влиятельныелюди Таджикистана?» Ҳоҷӣ Мирзоро ҳамчун намоянда аз рӯҳониёни тоҷик дар баробари ДомуллоҲикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар радифи пурнуфузтарин шахсиятҳои Тоҷикистон номбар кардааст.

Аммо дар соли 2010 Ҳоҷӣ Мирзо аз мақоми имомхатиби масҷиди Ҳилоли Аҳмар маъзул шуд ва бо рафтани ӯ ин масҷид низ мақоми пуртарафдортарин масҷиди минтақаи Кӯлобро аз даст дода, дигарбора ба як масҷиди маъмулии як маҳалла табдил ёфт.

Пайравони Ҳоҷӣ Мирзо коҳиши обрӯи масҷиди "Ҳилоли Аҳмар” баъди аз имоматиаш барканоршудани ин рӯҳонии маъруфро як амри табиӣ ва мунтазира мешуморанд ва мегӯяндмутаассифонаҳеҷ кадом аз онҳоеки баъди Ҳоҷӣ Мирзо ба раҳбарии ин масҷиди як замон пуровозаи Кӯлоб таъйиншуданднатавонистанд обрӯ ва манзалати қобили муқоиса бо шӯҳрату эътибори Ҳоҷӣ Мирзоро соҳибшаванд.

Пайравони Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар рӯҳониёни маъруф дар пасманзари ҳаводиси солҳои охирбахусусафзоиши гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротии маҳзҳабӣ ва ба Сурияву Ироқ рафтани садҳонафар аз Тоҷикистон аз мақомоти масъули умури дин хоста будандки барои ҷилавгирӣ аз чунинпадидаҳо рӯҳониёни мӯътабарба мисли Ҳоҷӣ Мирзоро ба минбар баргардонанд.

Ҳоҷӣ Мирзо баъди маҳрум шуданаш аз минбари масҷид бештар бо даъвати муридону пайравонаш ба Русия меравад.

Тарҷумаи ҳоли Ҳоҷӣ Мирзо бо такя ба маълумоти гӯшаи "Инҳоро бояд шинохт"-и хабаргузории Тоҷнюс таҳия шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон